Ҷанни Инфантино-Президенти нави FIFA
Душанбе, 27.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Швейтсария дар Конгресси FIFA Президенти нави ин иттиҳоди шуҳратманд ва қудратманд интихоб гардид. Номзадии Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа аз Баҳрайн, Президенти КФО, Жером Шампан аз Фаронса, Малик Алӣ бин Ҳусейн аз Урдун, Токио Сексвале аз Африқо ва Ҷанни Инфантино аз Швейтсария ва Италия пешниҳод шуданд.
Токио Сексвале пеш аз оғози овоздиҳӣ номзадии худро бозхонд ва дар даври аввали раъйдиҳӣ чор нафар иштирок карданд, ки дар натиҷа Ҷанни Инфантино 88, Шайх Салмон 85, Малик Алӣ 27 ва Жером Шампан 7 овозӣ гирифтанд.
Дар даври дуввум Ҷанни Инфантино бо 115 овози раъйдиҳандагон ба мансаби Президенти нави FIFA интихоб шуд. Шайх Салмон дар ин марҳала нисбат ба даври аввал ҳамагӣ 3 овоз бештар гирифт.
Дар суханони пешазинтихобии худ Ҷанни Инфантино ваъда дод, ки ҳайати иштирокдорони Чемпионати ҷаҳонро бештар мекунад, бозиҳои ниҳоиро дар якчанд кишвар барпо менамояд, технологияи муосирро дар футбол ҷорӣ менамояд ва ба 209 аъзои федератсия ба маблағи 5 миллион доллар барои рушди футбол кумак мерасонад.
Баъди интихоб шуданаш ӯ афзуд: “Аз имрӯз таърихи нави FIFA оғоз шуд, иттиҳоде, ки онро эҳтиром мекунанд ва он ифтихори мост. Ваъда медиҳам, ки барои ривоҷи тамоми федератсияҳои аъзои он меҳнат мекунам. Давраи нави футбол дар ҷаҳон фаро расид”
Маълумотнома:
Ҷанни Инфантино (Gianni Infantino) 23 марти соли 1970 дар Бриге (кантон Вале, Швейтсария) таваллуд шудааст.
Факултаи ҳуқуқи донишгоҳи Фрибургро хатм карда, ҳамчун мушовир дар ниҳодҳои футболи Италия, Испания ва Швейтсария фаъолият кардааст. Котиби Генералии маркази байналмилалии тадқиқот дар соҳаи варзиш.
Аз моҳи августи соли 2000 -ум ба Иттиҳоди футболи Аврупо дар масъалаи ҳуқуқ ва тиҷорат кумак кардааст. Аз соли 2007 муовини котиби генералии Иттиҳоди футболи Аврупо.
Аз 1 октябри соли 2009 –Котиби генералии УЭФА
26 феврали соли 2016 бо 115 овоз — Президенти нави FIFA интихоб шуд.








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






