Бақайдгирии 23 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Рашт
Рашт, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Нозироти андози ноҳияи Рашт барои пурра ба андозбандӣ ҷалб намудани тамоми манбаъҳои ҷойдошта, аз ҷумла пешгирӣ аз фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ ва кам кардани бақияпулиҳои андоз тамоми тадбирҳоро андешида, нақшаи пешбинишудаи соли равонро таъмин карда истодааст.
Нақшаи нозироти андози ноҳия дар моҳи январи соли равон 1 миллиону 117 ҳазор сомонӣ буд, ва он ба андозаи 1 миллиону 138 ҳазор сомонӣ, яъне 101,8 фоиз иҷро шудааст.
Инчунин дар моҳи январи соли 2016 23 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шуда, бо маблағи 19 ҳазору 160 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, ба буҷети маҳаллӣ ворид шудаанд.