Барои фурӯши китобҳои пастсифат дар Суғд 16 соҳибкор ба ҷавобгарӣ кашида шуд
Хуҷанд. 01.02.2016. (АМИТ “Ховар”).-Аз ҷониби прокуратураи Суғд соли 2015 зимни баргузории санҷишҳои назоратӣ оид ба ҳолати таъминоти хонандагон бо китобҳои дарсӣ, сифати таълиму тарбия ва ҳамзамон ба таври дахлдор маблағгузорӣ нашудани мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакон, аз ҷумла, аз рӯи меъёр таъмин нагардидани хонандагон бо маводи хӯрокӣ, доруворӣ, китобҳо ва аёнияти дарсӣ, фароҳам оварда нашудани шароити муқаррарии зист барои онҳо чанд ҳолати қонунвайрокунӣ ошкор гардида, нисбат ба масъулин ва шахсони мутасаддӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баррасии ҷавобгарии шахсони гунаҳгор зиёда 120 санади эътиноии прокурорӣ тартиб дода шуд.
Хамчунин зимни санҷиш оид ба фурӯши китобҳои ғайристандартии пастсифати ба саломатии кӯдакон зараровар 167 номгӯй китобҳо мусодира гардида, 16 соҳибкор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” масъулин аз прокуратураи Суғд иттилоъ доданд.