Барои рушди ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон СММ маблағ ҷудо мекунад

Февраль 16, 2016 10:01

Душанбе 16.02.2016 (АМИТ «Ховар») — Пагоҳ дар Душанбе муаррифии лоиҳаи «Ҳамкории байнисарҳадӣ барои сулҳи устувор ва рушд» баргузор мегардад. Мувофиқи иттилои намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои лоиҳаи мазкур Хазинаи сулҳсозии Созмони Миллаи Муттаҳид — PBF дар ҳаҷми 1,5 миллион доллари амрикоӣ ва Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ — SDC дар ҳаҷми зиёда аз 1 миллион доллари ИМА маблағ таъйин намудаанд.
Лоиҳа аз тарафи оҷонсиҳои гуногуни СММ бо дастгирӣ ва ҳамкории Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Иттилоъ дода мешавад, ки лоиҳаи БР СММ барои сулҳи устувор ва рушди ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон равона шудааст.

Февраль 16, 2016 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд