Баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЭСКАТО

Февраль 5, 2016 08:46

Душанбе, 5.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 4 феврали соли 2016 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтар баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЭСКАТО, аз ҷумла, масъалаҳои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт, ҳамгироӣ ва ҳампайвандии кишварҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба омодагӣ барои баргузории Муколамаи роҳбарони кишварҳои Осиёи шимолӣ ва марказии маҳсур дар хушкӣ, ки 17 майи соли равон дар Бангкок дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи 72-юми ЭСКАТО ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор намуданд.

Февраль 5, 2016 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд