Блаттерро кӣ иваз мекунад?
Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар ҳаёти футболи ҷаҳон навгонӣ ворид мешавад. Тақрибан дар соати аз 16 то 18-и Тоҷикистон Президенти нави Федератсияи ҷаҳонии футбол интихоб шуда, Президенти доимии чанд соли ахир Зепп Блаттерро, ки ба муҳлати 6 сол аз футбол дар канор шудааст, иваз мекунад.
Дар овоздиҳӣ 207 федератсияи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ки узви FIFA мебошанд, иштирок мекунанд. Танҳо федератсияҳои Индонезия ва Кувайт, ки чанде пештар муҷозот шудаанд, ҳаққи овоздиҳӣ надоранд.
Дар Конгресс ноиби Президенти ФФТ ва ҳамзамон Котиби генералии он Хуршед Файзуллозода Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Овоздиҳӣ ба шакли пинҳонӣ сурат гирифта, аз рӯи алифбо дар кабинаҳои махсус гузаронида мешавад.
Номзаде, ки аз 2/3 ҳиссаи овозҳоро ба даст меорад, Президенти нави FIFA эълон хоҳад шуд. Дар сурати миқдори муайяни овозҳоро ба даст наовардани номзадҳо овоздиҳии такрорӣ то он даме, ки яке аз онҳо беш аз 50 фоизи овозҳоро ба даст наорад, гузаронида хоҳад шуд.
Номзадҳо барои мансаби Президенти FIFA инҳоянд:
Шайх бин Иброҳим Алхалифа аз Баҳрайн, Президенти КФО.
Жером Шампан аз Фаронса, мушовири пешинаи Блаттер дар масъалаҳои байналмилалӣ.
Малик Алӣ бин Ҳусейн аз Урдун.
Ҷани Инфантино аз Швейтсария ва Италия.
Токио Сексвале аз Африқо.








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






