Бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик

Февраль 1, 2016 12:01

Душанбе, 01.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ барои 125 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №15-и ноҳияи Восеъ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ҳоли анҷомёбӣ буда, он дар арафаи таҷлили Иди Наврӯз мавриди истифода қарор мегирад. Инчунин аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ дар назди муассисаи мазкур сохтмони толори варзишӣ идома дорад.
Дар ноҳияи Темурмалик сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №1-и шаҳраки Совет барои 192 ва сохтмони бинои муассисаи таълимии №8 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Кангурт идома дорад, ки он аз ҳисоби гранти Фонди ҷаҳонии таҳсилот (марҳилаи 4) маблағгузорӣ мешавад.

Февраль 1, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»