Дар Ҳисор тамоюли фарзандхонӣ афзудааст
Душанбе, 03.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Тамоюли фарзандхонӣ дар ноҳияи Ҳисор афзоиш ёфтааст»,- мегӯяд Нисо Холдорбекова, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи кишвар дар ноҳияи Ҳисор. Мавсуф зикр кард, ки агар дар соли 2014 теъдоди кӯдакони ятим, ки ба фарзандхонӣ қабул гардидаанд, 26 ададро ташкил дода бошад, ин омор дар соли сипаришудаи 2015 ба 43 адад расид. Асосан шаҳрвандоне, ки бефарзанданд, кӯдакони ятимро ба фарзандхонӣ қабул менамоянд. Алҳол дар ноҳияи Ҳисор беш аз 1000 нафар ятимони бепадар, 449 нафар бемодар ва 89 ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






