Дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бетараф набошем
«Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.»
Аз Паёми солонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ
Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Тоҷикистон баробари касби истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ва эътироф шудани он ҳамчун давлати мустақил аз сўи ҷомеаи ҷаҳонӣ чун як давлати мустақил ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва бо зуҳуроти номатлубе, чун терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, қочоқи силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дучор гардид. Аз рўзҳои аввали барқарории сохти конститутсионӣ, дар баробари эҳё намудани сохторҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва терроризм аз авлавиятҳои кори ҳукумати қонунӣ қарор гирифт. Идомаи мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ин равандро мушкил месохт. Гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар муқобили сохторҳои ҳукуматӣ ва шаҳрвандон аз василаҳои гуногуни зӯроварӣ ва терроризм истифода мекарданд. Даҳшатафканӣ, террор, одамрабоӣ ва зӯроварӣ ба шеваи аслии муборизаи ин гурӯҳҳо ва мояи даромад ва зиндагии онҳо табдил шуда буд. Мубориза бо ин гурӯҳҳо ва зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ ва зӯроварӣ азму иродаи қавӣ ва хастанопазирро талаб мекард. Бо роҳбарии бевосита ва хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари истодагарӣ дар муқобили ин зуҳуроти номатлуб, заминаи ҳуқуқии аз миён бурдани ин мушкилот низ фароҳам оварда шуд. Бо ин мақсад, Ҳукумати Тоҷикистон ба қонунҳои амалкунанда, тағйиру иловаҳо ворид намуда, бо ташкилоти байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамкорӣ ба роҳ монд ва ҳама гуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум карда, муборизаи беамонро дар ин самт ба роҳ монд.
Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва муваффақи Сарвари давлат дар соли 1997 Созишномаи сулҳ миёни мухолифин ва давлат ба имзо расид, ки заминаро барои аз байн бурдани амалҳои террористию ифротгароӣ ва бесилоҳ гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайримасъул, ки хушунат ва ифротгароӣ ба шеваи зиндагии онҳо табдил ёфта буд, фароҳам овард. Созишномаи сулҳ имкон дод, ки гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки шартҳои сулҳу оштиро қабул намуданд ва силоҳ ба замин гузоштанд, ба зиндагии осоишта баргарданд ва минтақаҳои аз ҷангу хунрезӣ осебдида дубора барқарор шаванд. Инчунин роҳҳо, мактабҳо, пулҳо ва хонаҳои бар асари ҷанг харобгардида дубора бозсозӣ шуданд ва ҳазорон тан аз шаҳрвандоне, ки бар асари даргириҳо маҷбур ба тарки маҳалли зисти худ шуда буданд, дубора ба зиндагии худ баргаштанд.
Баъд аз имзои Созишномаи сулҳ ва хатми ҷанг ҳукумати Тоҷикистон имкон пайдо намуд, ки барномаҳои зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зерсохториро амалӣ созад. Бозгашти сулҳу субот имкони ҷалби сармоя ва фазои тиҷорату соҳибкориро дар кишвар фароҳам кард. Рушди дубораи иқтисодӣ барқарор шуда ва зерсохторҳои иқтисодӣ фаъол гаштанд. Яке аз мушкилоти аслии Тоҷикистон масъалаи роҳҳо ва қарор гирифтан дар бунбасти коммуникатсионӣ буд, ки дар ин ҷиҳат қадамҳои устувор гузошта шуд. Аз ҷумла, кушодани роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма- Қароқурум ва нақби “Истиқлол” дар шимоли кишвар аз муҳимтарин иқдомҳо дар роҳи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар буд.
Тоҷикистон ба сулҳу субот ва оштии миллӣ тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ёфт, вале мутаассифона, дар кишварҳои дигари минтақа, хусусан дар Афғонистони ҳамсояи мо, ҳамвора ҷанг идома дорад ва гурӯҳҳои мухталифи ифротиву террористӣ фаъоланд. Ин гурӯҳҳо боиси ноором нигоҳ доштани минтақа ва таҳдид ба сулҳу суботанд. Сарвари давлати Тоҷикистон, ки дар амал фаъолияти харобкории гурӯҳҳои ифротиву террористиро дида буд, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ кишварҳои ҷаҳонро ба мубориза бо ин зуҳуроти шум дар Афғонистони ҳамсоя даъват ва ташвиқ мекунад.
Бо вуҷуди бозгашти сулҳу субот ба Тоҷикистон дар муддати баъди созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ низ доираҳои манфиатдор ва фурсатталаби хориҷӣ хостанд аз гурӯҳҳои роҳгум ва ифротӣ дар дохили Тоҷикистон бар зидди амният ва суботи кишвар истифода кунанд. Ҳодисаҳои Тавилдара, Рашт ва Хоруғ дар миёни солҳои 2008-2012 ва инчунин ҳаводиси сенятбри соли 2015 намунаи ин гуфтаҳоянд, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ хостанд ҷомеаро ноором созанд ва ба ин васила ба ҳадафи худ бирасанд. Хушбахтона, неруҳои қудратии кишвар бо истифода аз таҷрибае, ки дар мубориза бар муқобили ин гурӯҳҳо доштанд, сари вақт тавонистанд пеши роҳи амали ин гурӯҳҳо ва густариши хушунатҳо ва бесубот шудани ҷомеаро бигиранд.
Таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба масъалаи таъмини амният ва мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ аз аҳамияти вижа бархурдор аст, зеро дар солҳои охир доманаи фаълияти ин гурӯҳҳо дар кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ афзоиш ёфта ва ин ҳол боиси таваҷҷуҳи гурӯҳҳои ифротгарои кишварҳои минтақа ба гурӯҳҳои террористӣ шудааст. Президенти кишвар, аз ҷумла таъкид намуд, ки: “терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Пешвои миллат ҳамчунин зикр намуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав амалҳои худро таҳти унвони шиорҳои диниву мазҳабӣ амалӣ мекунанд, ки дар асл ба дини мубини ислом иртиботе надорад, балки амали ин гурӯҳҳо, пеш аз ҳама, боиси осебу азияти мусулмонон мешавад.
Бино ба маълумоте, ки мақомоти интизомӣ ироа намудаанд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 999 нафар аз ҷавонони Тоҷикистон дар сафҳои гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ қарор доранд. То кунун даҳҳо тан аз ҷавонони роҳгумзадаи тоҷик низ дар ин даргириҳо кушта шудаанд.
Аз сўи дигар, фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, хусусан дар шимоли ин кишвар авҷ гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон ва Русия, борҳо аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ намудаанд ва гирд омадани ин гурӯҳҳоро таҳдид ба амнияти минтақа медонанд. Ин ҳама боиси он мешавад, ки таваҷҷуҳи хоса ба масъала мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гаравидани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо зоҳир шавад ва ҳама дар тарбияи ҷавонон ва пешгирӣ аз тамоюли насли ҷавон ба ин гурӯҳҳо худро масъул ҳис намоянд, зеро тавре ки Пешвои миллат таъкид намуд: “доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо — Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.”
Бояд гуфт, ки ҳоло аз ҷониби ин созмонҳои террористӣ ва ифротӣ гурўҳе бо номи «Хуросон» таъсис дода шудааст, ки дар шимоли Покистон ҷойгир шуда, ҳадафи он зери назорат даровардани сарзамини таърихии Хуросон, ки гӯё Покистон, Афғонистон, шимолу шарқи Эрон, панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ғарби Чин ва Ҳиндустонро дар бар мегирад, мебошад. Ҳоло доманаи созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Аз рўи баъзе маълумоти рўзҳои охир дар вилояти Қундузи Афғонистон 2000 ҷангии хориҷӣ, аз ҷумла 40 нафар ҷангиёни тоҷик ба гурӯҳи Толибон ҳамроҳ шуда, асосан дар кори минасозӣ ба онҳо кумак мекунанд. Фармондеҳии ин гурӯҳро ба навиштаи расонаҳо нафаре бо исми «Мустафои Тоҷик» ба уҳда доштааст. Мавҷудияти онҳо ҳам барои Афғонистон ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ дорад.
Ҳадафи мо аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ, дарки мақсад ва сиёсатҳои ин гурӯҳҳо ва мубориза бо онҳо бояд бошад, то натавонанд ба мақсадҳои шуми худ дар ноором сохтани ҷомеа бирасанд.
Мардуми кишвари мо дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Аз истиқлолият ба даст овардани кишварамон, ки бар ивази ҷони ҳазорҳо ҳамватанон ва афроди баору номус ба даст овардаем, 25 сол гузашта бошад ҳам, ашхосе ҳастанд, ки дастовардҳои солҳои истиқлолро нодида гирифта, сулҳу оромӣ, ободӣ ва тинҷию амониро дар кишвари мо мехоҳанд халалдор созанд. Дар шароити муташанниҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабию байнидавлатӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлативу миллӣ барои ҳар яки мо масъалаи ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Дурӣ аз Ватан, зиндагӣ дар шароити номувофиқ, душвории кор метавонад ҷавононро бештар ба тарафҳое майл диҳад, ки заҳматашон осонтар шавад ва яке аз ин тарафҳо шояд дар қатори ҳазорҳо нафар ҷавонони дигар кишварҳо ба таблиғи ҷиҳоди исломии хориҷиён гирифтор шудани садҳо нафар ҷавонони тоҷикистонӣ гардид. Вале ҷавонон набояд ба ҳар гуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ дода шаванд, балки холисона ва ба манфиати миллату давлати худ ҳақиқатро ифшо намуда, барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи неруманди ҷомеа барои эъмори давлати воқеан демократӣ ва ҳуқуқбунёд талош варзанд.
Мо бояд сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла бахши аҳзоби сиёсӣ ва тарбияи насли наврас ҷонибдорӣ намуда, ба ҳама гуна иғво, бўҳтон, экстремизм ва ҷудоихоҳии динию мазҳабӣ бо донишу амали инсонпарварона мубориза барем. Ва роҳ надиҳем, ки ҳодисаҳои мудҳиши ифротгароӣ, терроризму зӯроварӣ, ки як навбат мардуми мо онро аз сар гузаронида, пайомадҳои мудҳиш ва хунину нангини онро дидааст, дубора такрор шаванд.
Назрбӣ Исматова,
аспиранти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДМТ