Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Февраль 13, 2016 10:22

Душанбе, 13.02.2016. (АМИТ “Ховар”). — 12 феврали соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 25-солаи Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир шуд. Муайян гардид, ки гумонбаршуда дар нуқтаи хизматрасониаш, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба соҳибкорӣ машғул будааст. Ӯ бе иҷозатнома нуқтаи интиқоли маблағҳои пулиро ташкил намуда, ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва ба фаъолияти бонкӣ ба миқдори махсусан калон машғул шуда, аз 12 декабри соли 2015 то 21 январи соли 2016 зиёда аз 800000 доллари амрикоиро аз шаҳрвандон гирифта, ба шаҳри Дубайи АМА интиқол дода, ҳамзамон аз Дубай ба Душанбе 200000 доллари амрикоӣ интиқол додааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.

Февраль 13, 2016 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд