Фархор: Ҷаримабандӣ ба хотири ҳифзи муҳити зист
Фархор 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор дар давоми ду моҳи соли равон 12 шаҳрвандро ба маблағи 4320 сомонӣ ҷарима карданд.
Тавре ки сардори бахши мазкур Аҳлиддин Ҳаитов иброз дошт, шаҳрвандони ноҳия дар ҳолати бераҳмона ва ғайриқонунӣ буридани дарахтон, ифлоскунии об, ҳавои атмосферӣ, дар ҷои номуайян партофтани партовҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунии экологӣ дастгир гардиданд. Ба гуфтаи манбаъ кормандони бахш моҳе як маротиба дар ҷамоатҳои деҳот бо шаҳрвандон вохӯрӣ гузаронида, оид ба нигоҳ доштани табиат ва нигоҳубини ҳайвонҳои нодир суҳбатҳо гузаронида, ба шаҳрвандон таъкид менамоянд, ки ба нигоҳубини табиат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.