Хатлон: Беш аз 5200 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
Душанбе, 3.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз ҷониби нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру навоҳии вилояти Хатлон соли 2015 беш аз 5200 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, афроди муттаҳам ба андозаи умумии 1 миллиону 96,2 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Хуршед Бобоев, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ ин хабарро тасдиқ намуд ва гуфт, ки аз ҳисоби ҷаримаҳои таъйиншуда ба буҷаи маҳаллӣ қариб 845 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.
Раиси кумита ҳамчунин иттилоъ дод, ки то имрӯз 93 дарсади хоҷагиҳои деҳқонии вилоят соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мебошанд. Шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 63 ҳазору 55 адад ҳисоб шудааст.
Аз тарафи мутахассисони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ченаки назоратии кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуд ва дар натиҷаи он маълум гардид, ки 5047 гектар замини корами обӣ ва 1157,8 гектар замини корами лалмӣ бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот, дар натиҷаи селоб зер кардан, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ, аз нав таъмир ва таҷдид намудани шабакаҳои обёрикунанда, набудани об барои обёрӣ, корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ аз гардиши кишоварзӣ берун (холӣ) мондаанд. Ба гуфтаи Х. Бобоев, ҳаҷми зараре, ки дар натиҷаи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам расидааст, 629 ҳазору 352 сомонӣ ҳисоб шудааст.