Хизматчиёни давлатӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд
Душанбе, 29.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Беш аз 80 шунаванда — хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ баъди хатми курси азнавтайёркунӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Курси мазкур дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки соли 2015 ба хизмати давлатӣ қабул гардида буданд, ба роҳ монда шуд.
Дар курси мазкур аз рӯи барномаи «Асосҳои ҳуқуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунавандагон дар доираи беш аз 130 соат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ шинос гардиданд. Дар курс мутахассисони варзидаи кишвар барои баргузории машғулиятҳои дарсӣ ҷалб гардида буданд.
Дар фарҷоми курс Лулфия Абдулхоликзода-ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бибиосия Аюбӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти кишвар шунавандагонро бо анҷом расидани курси мазкур табрик намуда, ба онҳо маводи таълимӣ дар шакли электронӣ тақдим карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






