Ифтитоҳи «Маркази мусоидат бо муҳоҷирон» дар Файзобод
Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — 29 феврали соли равон дар маркази ноҳияи Файзобод ширкати ҳуқуқии навтаъсиси ҶДММ «Маркази мусоидат бо муҳоҷирон» дари худро ба муҳоҷирони меҳнатӣ боз намуд.
Роҳбари ин марказ, ҳуқуқшинос Дилшод Убайдов мақсади ширкатро, пеш аз ҳама, дастгирӣ ва баланд бардоштани ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия арзёбӣ карда, гуфт, ки бисёре аз шаҳрвандони мо ҳуқуқҳои худро дар Русия пурра намедонанд. Муҳоҷирон имрӯз суғурати тиббиро дастрас намекунанд, бо корфармо шартномаи меҳнатӣ намебанданд, забони русиро ба хубӣ намедонанд, ҳуҷҷатҳои худро дар сохторҳои Федералии муҳоҷирати Русия дар минтақаҳо сари вақт ба қайд намегузоранд ва вобаста ба дигар масъалаҳои мубрам маслиҳат медиҳанд.
Дар кушодашавии Маркази навтаъсис муовини раиси ноҳияи Файзобод парастори соҳаи муҳоҷират Сайбиниссо Раҷабзода иштирок намуда, зикр кард, ки кушодавшии чунин марказ бевосита расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба он шаҳрвандони ҷумҳурист, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия фаъолият мекунанд.
«Мо бовари комил дорем, ки «Маркази мусоидат бо муҳоҷирон» дар айни замон ягона маркази ҳуқуқиест, ки ба муҳоҷирон дар Тоҷикистон кумак мерасонад. Мо минатдории худро ба роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданием. Роҳбарияти ноҳия ҳамеша омодааст ба ин Маркази навтаъсис кумаки худро расонад.
Бояд зикр намуд, ки Дилшод Убайдов кори панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро дар судҳои Федератсияи Русия дуруст карда, аз 30 то 500 ҳазор рубли русиро ба соҳибонашон баргардонидааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






