ИА ба Тоҷикистон 251 млн. евро ҷудо мекунад
Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкории худро 16 феврали соли 2016 баргузор намуданд. Зимни Шӯрои ҳамкорӣ Комиссияи Аврупо ваъдаи худро барои ҷудо намудани 251 млн евро ба Тоҷикистон чун маблағгузории нав барои рушди ин кишвар дар давраи солҳои 2014-2020 боз як бор таъкид кард. Маблағи мазкур асосан ба рушди деҳот, тандурустӣ ва маориф равона мешавад, зеро ин соҳаҳо барои рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ, хусусан дар шароити ҳозираи иқтисодии Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим мебошанд.
Инчунин дар ҷаласаи Шӯро тарафайн омодагии худро барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар якчанд самти ҳамкорӣ бори дигар таъкид намуда, пешравии ҳамкориро аз замони ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2014 сурат гирифта буд, баррасӣ намуданд.
Шӯрои мазкур иҷрои ҳамаҷонибаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Осиёи Марказиро чӣ дар сатҳи минтақавӣ ва чӣ дар сатҳи миллӣ зарур дониста, иштироки фаъолонаи Тоҷикистонро дар ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо хушнудӣ истиқбол намуд. Илова бар ин, вазъи иҷрои се ташаббуси муҳим марбут ба волоияти қонун, маориф, нигаҳдории муҳити зист ва инчунин масъалаҳои мутақобилан муҳим, ба монанди ислоҳоти сиёсӣ ва идора, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, озодиҳои динӣ, равобити иқтисодиву тиҷоратӣ ва бехатарии сарҳадот мавриди баҳс қарор дода шуданд.
Шӯрои ҳамкорӣ рӯйдодҳои минтақавиро дар бахши энергетика, мушкилоту ситезаҳои марбут ба амният, аз ҷумла идораи сарҳадот ва ифротгароӣ баррасӣ намуд. Ҳифзи сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ дар манфиати Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо аст ва тарафайн кӯшиш мекунанд, ки ҳамкориро дар ин самт зиёд намоянд.
Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд Берт Кендерс раисӣ намуд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сарварӣ карданд. Инчунин Сироҷидин Аслов бо намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ хонум Моғеринӣ рӯзи сешанбеи 16 феврал мулоқот анҷом дод.








Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд






