“Истиқлол” марҳалаи омодагиро дар Туркия ба поён расонд
Душанбе, 13.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Истиқлол”-и Душанбе бо баргузор кардани охирин вохӯрии таҷрибавӣ бо клуби футболи “Шахтёр”-и Қазоқистон марҳалаи дуввуми омодагиро дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом расонд. Вохӯрӣ бо натиҷаи 2 бар 2 ҷамъбаст шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 34-ум Луис Фернандо Копете кушод. Аҳтам Назаров баъди се дақиқаи голи қазоқҳо тавассути кумаки Манучеҳр Ҷалилов голи ҷавобии “Истиқлол”-ро ба самар овард. Дар нимаи дуввуми бозӣ “Шахтёр” аз нав баъди зарбаи Руслан Кенетаев ба сафи пеш баромад. Бозингари нави истиқлолиҳо Акмал Холматов зарбаи ҷаримавиро он тавре ба иҷро расонд, ки дарвозабони “Шахтёр” онро баргардонида натавонист ва ҳисоб баробар шуд.
“Истиқлол” дар Туркия чор вохӯрии таҷрибавӣ доир кард, ки дар натиҷа як ғалаба бар “Витлих”-и Олмон( 4:0), як бохт аз “Варда”-Маҷористон(1:3) ва ду мусовӣ бо “Тараз” ва “Шахтёр”-и Қазоқистон (2:2) ҳосил шуд.
Ҳайати “Истиқлол” дар ин вохӯрӣ чунин буд:
Никола Стошич, Давронҷон Эргашев (Сиёвуш Асроров, 46), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Маҳдии Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов (к), Парвизҷон Умарбоев (Олександр Каблаш, 46) , Дилшод Восиев (Фариддун Шарипов, 46), Фатҳулло Фатхуллоев (Ҷаҳонгир Алиев,46),Аҳтам Назаров (Акмал Холматов, 46) ва Манучеҳр Ҷалилов (Нозим Бобоҷонов, 68)
“Истиқлол” акнун дар радифи бозиҳои гурӯҳи “Б”-и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё расман рӯзи 23-уми феврал дар варзишгоҳи марказии пойтахт бо клуби футболи “Алфайсалӣ”-и Урдун, ки ду маротиба ғолиби Ҷоми КФО гардидааст, вориди рақобат мешавад.








Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад






