Истифодаи далелҳои расмӣ аз сомонаҳои вазорату идораҳо
Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳамкории тарафҳо. Инъикоси масоили иқтисодӣ дар ВАО» мизи мудаввар доир гардид. Маҳфилро ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии Интернешнл Алерт ва маблағгузории намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баргузор намуданд.
Дар маҳфил намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, роҳбарони ВАО-и давлатӣ ва мустақил, рӯзноманигорон, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи иқтисод иштирок намуданд.
Иштирокдорон кам будани рӯзноманигоронеро, ки дар соҳаи иқтисод мақола нависанд, хотиррасон намуда, дар оянда дар факултаи журналистика ташкил кардани шуъбаи журналистикаи иқтисодӣ ё чунин як ихтисосро барои рушди журналистикаи иқтисодӣ дар кишвар кори хуб арзёбӣ намуданд.
Инчунин зикр гардид, ки дар ҳолати пешниҳод накардани баъзе санадҳои расмӣ аз ҷониби вазорату идораҳо барои журналистон истифодаи далелҳои иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсӣ аз сомонаҳои расмии онҳо беҳтар аст.
Ёдоваор мешавем, ки аввалин вохӯрӣ дар доираи маҳфили журналистикаи иқтисодӣ «Тавозун» барпо гардид.








Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»






