Марҳабо ба базми шеъри Гулназар!

Февраль 25, 2016 11:52

Душанбе, 25.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Фардо дар «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт базми шеъру суруд бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Гулназар, ки ҳамзамон муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, доир мегардад.
Ин чорабинии фарҳангӣ дар доираи баргузории ҳамоиши байналмилалии шоирони ҳавзаи Наврӯз, ки рӯзҳои 19-24 марти соли равон дар Душанбе доир мешавад, сурат мегирад.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки дар базми шеъру суруд ҳамчунин ҳунармандони шинохтаи кишвар Хосияти Зарафшонӣ, Афзалшоҳи Шодӣ, Хурсандмурод ва Қобилҷони Зариф иштирок намуда, бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокдорони базми шеъру сурудро болида месозанд.
Дар оянда баргузории чунин базми шеъру суруд бо иштироки Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор, Низом Қосим, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло ва дигарон дар назар аст.

Февраль 25, 2016 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид