Месси ба писарбачаи 5-солаи афғон либоси варзишӣ туҳфа кард
Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бино ба иттилои BBC News писарчаи панҷсолаи афғон Муртазо Аҳмадӣ, ки баъди пайдо шудани сураташ бо либоси варзишии полиэтиленӣ бо номи футболбоз Лионел Месси дар шабакаи интернет машҳур гардида буд, либоси варзишии ҳақиқиро бо соядастҳои ситораҳои «Барселона» туҳфа гирифт.
Барои пайдо кардани ин мухлиси наврас рӯзноманигорон ёрӣ доданд. Маълум гардид, ки ӯ дар ноҳияи Ҷаҳори музофоти Ғазна дар Шарқи Афғонистон зиндагӣ мекунад. Бино ба иттилои намояндагони Месси, ба ин кӯдак аз номи ҳамлагари «Барселона» либоси варзишӣ ва тӯб фиристода шудааст. « Ман Мессиро дӯст медорам ва либоси варзишии ман мегӯяд, ки Месси низ маро дӯст медорад», -гуфт Муртазо.
Зикр мешавад, ки Месси инчунин якчанд либоси варзишӣ барои аъзои дигари оилаи Аҳмадӣ равон кардааст. Эҳтимол аст, ки яке аз онҳоро бародари калонии Муртазо- Ҳумоюн, ки аввалин шуда суратҳои ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ партофта буд, ба даст орад.








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






