Муайян гардидани ғолибони мусобиқа оид ба муҳорибаҳои тан ба тан
Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -12-13-уми феврали соли равон дар маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди муҳорибаҳои тан ба тан (самбои муҳорибавӣ) миёни кормандони таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш — солимии ҷомеа» баргузор гардид, ки натиҷаи он имрӯз ҷамъбаст гардиданд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, диплом, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр кард, ки мусобиқаи имрӯза бори дигар исбот намуд, ки таҳкими дӯстию рафоқат миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷавонони кишвар, дар баробари тарғиби варзиш ва ҳаёти солим аз муҳимтарин нукта ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр намуд, ки маҷмӯи омодагии усули варзишии самбо дар раванди таълимӣ-тамринии хизматчиёни воҳидҳои таъйиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии аксар кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон васеъ истифода мешавад.




















Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






