Муаррифии ҳунармандони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии “Амбиенте- 2016”-и Олмон
Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ “Ховар”). — Рӯзҳои 12-16 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон Намоишгоҳи байналмилалии молҳои ҳунармандӣ “Амбиенте- 2016” баргузор гардид. Ҳамасола дар ин намоишгоҳ зиёда аз панҷ ҳазор ширкати беш аз 90 кишвари олам, инчунин тақрибан 15 ҳазор меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Соли дуввум аст, ки ширкатҳои ватанӣ дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ ширкат варзида, маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро ба маърази тамошо мегузоранд. Имсол Иттиҳодияи ҳунармандони Тоҷикистон, ширкати “Рухом”, бахши ҳунармандии Иттиҳоди сайёҳии водии Зарафшон “Армуғон”, ширкати “Ҷаҳоннек” бо мусоидати Маркази тиҷоратии байналмилалӣ Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи молҳои ҳунармандӣ бомуваффақият намояндагӣ карданд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар ҷараёни кори намоишгоҳ иштирок намуда, чанд мулоқоти корӣ анҷом дод.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






