Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Суғд

Февраль 26, 2016 11:32

Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ “Ховар”). – «Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ 275 ҳазору 653 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда  ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 32 380 субъект ва ё 11,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора 97 621 субъект ба вилояти Суғд рост меояд, ки нисбат ба соли 2014, 22,4 фоиз зиёд аст». Ин нуктаро имрӯз дар  шаҳри Хуҷанд муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо соҳибкорони вилояти Суғд иброз дошт.

Давлаталӣ Саид  аз ҷумла зикр намуд, ки бо ибтикору дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ, таҳкими бахши хусусӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоиди тиҷорат, татбиқи самараноки барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ, рушди муколама ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самтҳои стратегӣ корҳо идома ёфта истодаанд.

Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба маблағи 12,2 млрд. сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2014-ум 0,5 фоиз зиёд мебошад.

Аз ин ҳисоб ба вилояти Суғд 2 миллиарду 721 миллиону 590 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст.

Ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 70,0 млн сомонӣ ҷудо гашта, ба 21 субъекти соҳибкорӣ дар ҳаҷми 36,2 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Инчунин ҷудо намудани 120 млн. сомонӣ дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Аз лоиҳаҳои дастгиринамудаи Фонд аз оғози фаъолият, 17 лоиҳа ба маблағи 13 миллиону 242 ҳазор сомонӣ ба вилояти Суғд рост меояд.

Имрўзҳо дар вилояти Суғд 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 159,14 млн. доллари ИМА азхуд карда шудааст.

Воридоти сармоягузории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар соли 2015 977,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз онҳо 470,9 млн. долл. ИМА сармоягузориҳои мустақим ва 506,9 млн. долл. ИМА-ро дигар намуди сармоягузориҳо ташкил медиҳанд.

Зимнан бояд зикр намуд, ки воридоти сармоягузории мустақими хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93,5 млн. доллари ИМА зиёд шудаааст.

Солҳои 2008 – 2011 ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронида шуда, дар натиҷаи ислоҳот дар самти ба низом даровардани раванди гирифтани иҷозатҳо, шумораи онҳо аз 605 то 79 адад коҳиш дода шуд.

Бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав як зумра имтиёзҳо, аз ҷумла

воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Корхонаҳои навтаъсисе, ки бо коркарди пурраи нахи пахта ва маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд, хоҷагиҳои парандапарварӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи хўроки омехтаи паранда ва чорво ба муҳлати 12 сол аз пардохти андозҳои пешбинишуда озод мебошанд.

Ҳамзамон тағйироти зарурӣ ба Кодекси андоз барои зиёд намудани маблағи ҳадди ақали гардиши молиявии корхонаҳои тибқи низоми соддакардашудаи андоз фаъолияткунанда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 миллион сомонӣ зиёд карда шуда, табдил додани андоз аз фурўши нахи пахта ба боҷи содиротӣ дар назар аст.

Натиҷаҳои ислоҳот ва тадбирҳои андешида барои зиёд шудани саҳми соҳибкорон дар иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, аз ҷумла дар соли 2015 ба бахши хусусӣ 78 фоизи пардохтҳои андозҳо ба буҷети давлатӣ, 67 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ рост омада, 63,8 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодиро бахши хусусӣ бо ҷои кор таъмин намуд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр ҳамчун Рўзи соҳибкорон эълон гардида, мулоқоти мунтазами Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ба ҳукми анъана даромад.

Маҳз бо дастгирии Сарвари давлат соҳибкорони ватанӣ дар сафарҳои кории Президенти мамлакатамон ба кишварҳои хориҷӣ иштирок менамоянд, ки дар рушду тавсеаи ҳамкории байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ такони ҷиддӣ бахшида истодааст.

Муовини якуми сарвазир ба суолҳои сершумори соҳибкорон ҷавобҳои муфассал, ҳамчунин барои ҳаллу рафъи қазияҳои ҷойдошта ба сохторҳои дахлдор супоришу дастурҳо дод.

Дар ҷамъомад ҳамчунин раиси вилояти Суғд   Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва роҳбарони як силсила вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

 

 

 

 

 

Февраль 26, 2016 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона шудааст»
Дар Хадамоти гумрук моҳияти қонунҳои миллӣ тавзеҳ дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад»
Байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Раҳмон Исломиддин дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Дар Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд
Татбиқи тарҳи «CASA-1000» намунаи ҳамкории энергетики минтақавӣ мебошад
Ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон баргузор гардид
Байни «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ академияи бонкӣ таъсис дода мешавад
Харитаи роҳи Ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман оғоз гардид