Мулоқоти Р. Раҳимзода бо Е. Сисоев
Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Сисоев Евгений Сергеевич вохӯрӣ доир намуд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода меҳмонро ба муносибати таъйин гаштанаш ба вазифаи масъулиятнок табрик намуда, ба ӯ дар корҳояш комёбиҳо таманно намуд.
Зикр гардид, ки Вазорати корҳои дохилӣ омода аст, дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои амнияти минтақа ҳамкорӣ намояд. Дар ин самт бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои аъзои СҲШ як зумра созишномаҳои дахлдор ба имзо расонида шудаанд. Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории мақомоти дахлдор дар мубориза бо ҷинояткорӣ дар доираи ҷаласаҳои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ, Мушовараи якҷояи ВКД Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла муқобилият бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, амнияти иттилоотӣ, мубодилаи хабару иттилоот ва ғайра табодули назар шуд.
Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Сисоев Евгений Сергеевич ба вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои қабули самимона миннатдорӣ намуда, изҳори умед кард, ки ҳамкории дуҷониба минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






