Мулоқоти Шералӣ Мирзо бо муовини вазири мудофиаи Русия
Душанбе, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо бо муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антонов, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, вохўрӣ намуд.
Дар ҷараёни вохўрӣ масоили вобаста ба дурнамои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия, иҷрои барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, табодули иттилооту таҷрибаомўзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористиву эктремистӣ, омодасозии кадрҳо ва вазъи кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Афғонистон баррасӣ гардид.
Зимни вохўрӣ инчунин вобаста ба як силсила масъалаҳои дигари соҳавӣ ва боз ҳам густариши доираи ҳамкории самарабахши низомӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






