Норак: «Маркази машваратӣ-иттилоотӣ» фаъол аст
Норак, 02.02.2016. (АМИТ “Ховар”).- Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон дар назди бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо қарори раиси шаҳри Норак аз соли 2010 «Маркази машваратӣ-иттилоотӣ» ташкил шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд ба он муроҷиат намуда, ройгон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ гиранд.
Дар соли 2015 дар шаҳри Норак 134 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 ҷиноят зиёд мебошад.
Дар ин давра аз тарафи 7 зан 12 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 5 ҷиноят зиёд мебошад.
Ҳамчунин 12 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 4 нафар ҳалок ва 11 нафар ҷароҳати ҷисмонии гуногун бардоштаанд ва аз тарафи ноболиғон 4 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 — 6 ҷиноят кам мебошад.