Ғончӣ: Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт
Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис гардид, ки дар он Анвар Ҷалилов, муовини аввали раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят иштирок доштанд. Анвар Ҷалилов зикр намуд, ки Шӯрои мазкур мақоми ихтиёрӣ, ҷамъиятӣ ва ёрирасон дар тарбияи ҷавонону бонувон ва дигар аъзои ХХДТ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дошта, бо мақсади такмил ва вусъати кори ҳизбӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, тайёрии касбии кормандони ҳизбӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии собиқадорони ҲХДТ, ҳамчунин бо мақсади арҷ гузоштан ба фаъолияти ибратомӯз, бисёрсола, истифодаи таҷрибаву малака ва кордонии собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ таъсис дода мешавад. Аъзои Шӯрои собиқадорон дар маҷлиси аввалини худ Раҷабов Исматулло Турдиевичро ба мақоми раиси шӯро ва Матлуба Салоҳиддиноваро ба мақоми муовини раиси Шӯрои собиқадорони назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ интихоб намуда, дар назди онҳо вазифаҳои аввалиндараҷаро тибқи нақшаи корӣ вогузор намуданд.