Ғончӣ: Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт

Февраль 12, 2016 17:00

Душанбе, 12.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар назди КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис гардид, ки дар он Анвар Ҷалилов, муовини аввали раиси КИ  ҲХДТ дар вилояти Суғд ва раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят иштирок доштанд. Анвар  Ҷалилов зикр намуд, ки Шӯрои мазкур мақоми ихтиёрӣ, ҷамъиятӣ ва ёрирасон дар тарбияи ҷавонону бонувон ва дигар аъзои ХХДТ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дошта, бо мақсади такмил ва вусъати кори ҳизбӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ, тайёрии касбии кормандони ҳизбӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии собиқадорони ҲХДТ, ҳамчунин бо мақсади арҷ гузоштан ба фаъолияти ибратомӯз, бисёрсола, истифодаи таҷрибаву малака ва кордонии собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ таъсис дода мешавад. Аъзои Шӯрои собиқадорон дар маҷлиси аввалини худ Раҷабов Исматулло Турдиевичро ба мақоми раиси шӯро ва Матлуба Салоҳиддиноваро ба мақоми муовини раиси Шӯрои собиқадорони назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ интихоб намуда, дар назди онҳо вазифаҳои аввалиндараҷаро тибқи нақшаи корӣ вогузор намуданд.

Февраль 12, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»