Ҷонибдории донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт аз Паёми Пешвои миллат
Душанбе, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт бо донишҷӯёну омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории шаҳраки Навобод ва муассисаи таҳсилоти умумии №8-и ноҳияи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2016 ва масоили ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аъзои фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» Каримҷон Салимов — донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон изҳор кард, ки Пешвои миллати тоҷикон дар Паёми имсолаи худ чунин таъкид кард: «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо — Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Бинобар ин ҳар як фарди солимфикри ҷомеа, махсусан ҷавонон бояд аз ин вабои аср парҳез намуда, ба омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир машғул шуда, дар рушду нумӯъ ва тинҷию ободии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Намояндагони Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди боз ҳам баланд бардоштани таълиму тарбия ва омӯхтани касбу ҳунар дар муассисаҳои таълимӣ муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки Паёми имсола ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва некӯаҳволии халқ равона гардида, равшанибахши имрӯзу фардои ҷомеа мебошад.