Ҷонибдории Паёми Пешвои миллат дар ноҳияи Тоҷикобод
Тоҷикобод, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бо ҷонибдорӣ аз Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон ва саховатмандони деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод мақсад гузоштанд, ки то ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Капалӣ, овардани хатти оби нӯшокӣ дар масофаи 7 километр ба деҳаи Капалӣ, таъмири роҳи деҳаи Капалӣ, таъмир намудани роҳи кӯҳии деҳаи Фатҳобод дар масофаи 3 километр, таъмири роҳи Миразизиён ва дараи Назаракро дар масофаи 5 километр ба анҷом расонанд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ҷамоати мазкур дар 3 гектар боғҳои нав бунёд шаванд.