Рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда

Февраль 15, 2016 16:06

Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — 13 феврал дар шаҳри Турсунзода вохўрӣ бо соҳибкорони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Рўдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав оид ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда доир гардид.
Дар назди соҳибкорон муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид сухан гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ сол аз сол рушд ёфта, мулоқоти имрӯза бо соҳибкорони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав низ дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат сурат мегирад.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ 275 653 субъекти фаъоли соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, 32 380 адад ва ё 11,7 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин шумора 7 444 ба ноҳияи Ҳисор, 1 854 -то ба ноҳияи Шаҳринав, 6 637 адад ба шаҳри Турсунзода ва 9 011 адад ба ноҳияи Рӯдакӣ рост меояд.
Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳӣ ба маблағи 11 млрд. 216 млн. сомонӣ қарз ҷудо шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014-ум 12,3 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин ҳисоб ба ноҳияи Ҳисор 399 млн. 870 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Шаҳринав 67 млн. 385 ҳазор сомонӣ, шаҳри Турсунзода 152 млн. 263 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Рӯдакӣ 200 млн. 925 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо шудааст.
Ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”дар соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 70,0 млн сомонӣ ҷудо гардида, ба 21 субъекти соҳибкорӣ дар ҳаҷми 36,2 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо шуданд ва барои соли равон ҷудо намудани 120 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ба фонд бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз лоиҳаҳои дастгиринамудаи фонд, 6 лоиҳа ба маблағи 7 млн. 80 ҳазор сомонӣ ба шаҳри Ҳисор, 1 лоиҳа ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Шаҳринав, 6 лоиҳа ба маблағи 2 млн. 800 ҳазор сомонӣ ба шаҳри Турсунзода ва 2 лоиҳа ба маблағи 1 млн. 60 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ рост меояд.
Ҳоло дар ноҳияи Ҳисор 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии азхудшудаи 51,7 млн. доллари ИМА, дар ноҳияи Шаҳринав 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии азхудшудаи 39,27 млн. доллари ИМА, дар шаҳри Турсунзода 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии азхудшудаи 82,64 млн. доллари ИМА ва дар ноҳияи Рӯдакӣ 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии азхудшудаи 12,98 млн. доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд.
Қонунҳо «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Консессия», «Тақсимоти маҳсулот», «Низоми иҷозатдиҳӣ», «Мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», як зумра барномаҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва татбиқ гардиданд.
Ислоҳоти санҷишӣ гузаронида шуда, дар натиҷа қонуни нав “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва истифодаи усули хавфҳо қабул карда шуд.
Солҳои 2008-2011 ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронида шуда, дар натиҷа шумораи расмиёти он аз 605 то 86 адад коҳиш дода шуданд.
Ҳамзамон барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронидани ислоҳоти иҷозатномадиҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий эълон карда шуда, маҷмўан 78 субъекти соҳибкорӣ аз мораторий бархурдор гардиданд.
Бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав як силсила имтиёзҳо ва ҳавасмандкуниҳо муқаррар шудааст.
Аз ҷумла, дар баробари имтиёзҳои умумии андозӣ, воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.
Корхонаҳои навтаъсисе, ки ба коркарди пурраи нахи пахта ва маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд, хоҷагиҳои паррандапарварӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво ҳангоми ба фонди оинномавии онҳо ворид шудани 16 миллион доллари ИМА ба муҳлати 12 сол аз пардохти андозҳои дар боби 47 Кодекси андоз пешбинишуда озод мебошанд.
Муовини якуми сарвазир ба суолҳои сершумори соҳибкорон ҷавобҳои муфассал, ҳамчунин барои ҳаллу рафъи қазияҳои ҷойдошта маслиҳатҳои судманд дод.
Дар ҷамъомад ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва роҳбарони як зумра вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Февраль 15, 2016 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона шудааст»
Дар Хадамоти гумрук моҳияти қонунҳои миллӣ тавзеҳ дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад»
Байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Раҳмон Исломиддин дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Дар Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд
Татбиқи тарҳи «CASA-1000» намунаи ҳамкории энергетики минтақавӣ мебошад
Ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон баргузор гардид
Байни «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ академияи бонкӣ таъсис дода мешавад
Харитаи роҳи Ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман оғоз гардид