Сафари мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Тошканд
Душанбе, 9.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон марҳалаи дуввуми машқу тамринҳои худро дар шаҳри Қайроққум ба анҷом расонида, ба шаҳри Тошканд, макони баргузории бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал сафар кард. Сармураббии даста Ҳусейн Шодиев аз шогирдонаш умеди калон дорад, ки дар гурӯҳ хуб бозӣ карда, ба даври минбаъда роҳхат мегиранд. Футболбозони мо дар давраи дуввуми тайёрӣ ду вохӯрии таҷрибавиро бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон барпо карда, якеро мусовӣ ва дигареро бо бохт ҷамъбаст карданд. Футзалистони кишварамон дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Таиланд рӯзи 11 феврал, бо Ветнам 13 феврал ва бо Тайбейи Чин 15 феврал қувва месанҷанд.








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






