Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЗАРУРАТИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Якум. Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади асосии мо таъмини рушди устувору муттасили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад».
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунанд.
Дуюм. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Ин пеш аз ҳама ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Тағйиротҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид. Минбаъд зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйироту иловаҳо пешниҳод шудаанд.
Сеюм. Таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо.
Бояд ёдовар шуд, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии (олии) давлат муайянкунандаи асосҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо мебошад.
Инкишофу пешрафти ҷомеа, хусусан давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ баланд гардад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор ва мустаҳкам шавад.
Аз ин рӯ, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда бештар ба низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои онҳо бахшида шудааст.
Чорум. Бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд.
Панҷум. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тағйиротҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.
Омилу равандҳои зикргардида тақозо менамоянд, ки тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд, то ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон боз ҳам таҳкиму такмил ёбад, пеш равад ва халқи Тоҷикистон ба мақсадҳои олии худ ноил гардад.
ШАРҲИ
БАНДҲОИ АЛОҲИДАИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Пешниҳод карда мешавад, ки калимаи «Сарқонун» дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад. Бояд қайд намуд, ки калимаи «Конститутсия» вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад. Конститутсия калимаи лотинӣ буда, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода менамояд. Вожаи «Конститутсия» дар ҷаҳон маъмулу мақбул буда, ба ҳама фаҳмо ва истифодаи он роиҷ гаштааст.
Аз тарафи дигар, калимаи «Сарқонун» сохта буда, тамоми паҳлуҳои вожаи «Конститутсия»-ро дар бар гирифта наметавонад. «Сарқонун» танҳо боло, баланд ва дорои қувваи олӣ доштани онро ифода мекунад. Дигар паҳлуҳои «Конститутсия», аз ҷумла «асос», «муайянкунанда» ва «муқарраркунанда» будани онро ифода намекунад.
Вобаста ба гуфтаҳои боло, ба мақсад мувофиқ аст, ки калимаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад.
- Ба моддаи якуми Конститутсия қисми дуюм илова карда мешавад, ки тибқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ ифода мегардад.
Бояд қайд намуд, ки ҷумҳуриҳо президентӣ, парламентӣ ва омехта (президентӣ -парламентӣ ё парламентӣ — президентӣ) мешаванд. Ин хусусияти ҷумҳуриҳо маъмулан дар конститутсияи онҳо дарҷ карда мешавад. Масалан, чунин меъёр дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Конститутсияҳои Қазоқистон ва Туркманистон дарҷ гардидааст. Меъёри номбурда ифодакунандаи воқеии идоракунии давлатӣ буда, мазмуни конститутсияро комил мегардонад. Тоҷикистон низ ҷумҳурии президентӣ буда, Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад. Бинобар ин пешниҳоди зикргардида ифодакунандаи воқеии шакли идоракунии президентӣ буда, он Конститутсияро мукаммал менамояд.
- Пешниҳод ба моддаи панҷум хусусияти таҳрирӣ дошта, аз нигоҳи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ калимаи «он» ба калимаи «ӯ» иваз карда мешавад.
- Дар қисми чоруми моддаи ҳафтум пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шаванд. Ин тағйирот бо дарназардошти истифодаи амалии ин истилоҳҳо вобаста аст. Калимаи «марз» бештар сарҳад, хатти сарҳадро ифода мекунад, «ҳудуд» бошад, маънои васеъ дошта, тамоми ҳудуди давлат — хушкӣ, обӣ ва ҳавоиро дар бар мегирад.
- Ба моддаи ҳаштум ду тағйирот пешниҳод шудааст.
Якум. Пешниҳод мегардад, ки дар қисми чорум калимаи «Ташкилотҳои» ба «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад. Қобил ба зикр аст, ки мафҳуми вожаи «иттиҳодия» назар ба «ташкилот» васеъ буда, тамоми навъҳои созмонҳои динӣ, аз ҷумла, ташкилотҳои диниро низ фаро мегирад. Аз ин рӯ, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» истилоҳи «иттиҳодия» истифода шудааст.
Дуюм. Ба моддаи мазкур қисми шашум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.
Бояд таъкид намуд, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои ба сари ҳокимият омадан муборизаи сиёсӣ мебаранд. Ин мубориза бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо, бе дахолати давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирад. Бинобар ин пешниҳод шудааст, ки амалҳои мазкур манъ карда шаванд.
Дар ин пешниҳод ҳамчунон зикр гардидааст, ки таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти миллӣ ва динидошта манъ аст.
Таъсиси ҳизби сиёсӣ дар заминаи намояндагони миллати алоҳида (миллӣ) дар ҷавҳари худ метавонад ба ҷудоиандозӣ, низоъҳо ва муноқишаҳои миллӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, баъзе аз давлатҳо (Булғористон, Қазоқистон, Узбекистон ва дигар давлатҳо) ин амалро дар сатҳи Конститутсия манъ кардаанд.
Ҳамон тавре ки дар боло зикр гардид, тибқи пешниҳод таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта низ манъ карда шудааст. Бояд иброз дошт, ки ҳизбҳои сиёсӣ, ки фаъолияти асосии онҳо муборизаи сиёсӣ мебошад, набояд аз дин ва созмонҳои динӣ истифода баранд. Эътиқод ба дин кори шахсии (хусусии) ҳар як инсон мебошад. Шахс бояд дар интихоби дин, ба ҷо овардани ибодат ва дигар расму оинҳои динӣ озод ва мустақил бошад. Ҳизби сиёсӣ, дигар созмон, фарди алоҳида набояд ба эътиқоди динии шахс дахолат кунад ё аз он суистифода намояд. Таъсис додани ҳизби сиёсии хусусияти динидошта боиси истифода аз дин ва эътиқоди динии шахс, ба сиёсат омехта кардани дин мегардад. Бинобар ин давлатҳое, ки дар онҳо таъсири дин зиёд аст, ташкили ҳизбҳои сиёсиро вобаста ба дин дар конститутсияҳояшон манъ кардаанд.
- Ба моддаи чордаҳум ду тағйирот пешниҳод шудааст. Дар қисми дуюми модда пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро» иваз карда шаванд. Ин пешниҳод хусусияти мушаххаскунандаю дақиқкунанда дошта, ба таври аниқ номи пурраи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро ифода мекунад. Пешниҳоди зикршуда матни ин қисми моддаро пурра, аниқ ва фаҳмо менамояд.
Ба қисми сеюми модда пешниҳод гардидааст, ки ибораи «сохти конститутсионӣ» ба ибораи «асосҳои сохтори конститутсионӣ» иваз карда шуда, баъди он ибораҳои «амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» илова гарданд.
Тағйиру иловаҳои мазкур ба инҳо асос ёфтаанд.
Якум. Иваз намудани ибораи «сохти конститутсионӣ» ба ибораи «асосҳои сохтори конститутсионӣ» бевосита аз мазмуни Конститутсия бармеояд, зеро боби аввали Конститутсия чунин ифода шудааст (асосҳои сохтори конститутсионӣ). Дар он ин асосҳо, аз ҷумла моҳияти соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягонагӣ, соҳибихтиёрии халқ, дахлнопазирии ҳокимияти халқ, дахлнопазирӣ ва тақсимнашаванда будани ҳудуди Тоҷикистон оварда шудаанд. Бо мақсади ҳифзи ин арзишҳои олӣ, эмин доштани онҳо аз ҳар гуна суиқасд тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мумкин аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси қонун маҳдуд карда шаванд.
Дуюм. Ҳамон тавре дар боло зикр гардид, ба ин қисми модда инчунин ибораҳои «амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» илова шудаанд. Ин иловаҳо аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла моддаи 29-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, моддаҳои 19, 21 ва 22-юми Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бармеоянд. Яъне моддаҳои дар боло ишорагардидаи санадҳои байналмилалӣ ба давлатҳои аъзои СММ ҳуқуқ медиҳанд, ки онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ва дар асоси қонун ҷиҳати таъмини ин арзишҳои олӣ ба ҳуқуқи инсон баъзе маҳдудиятро раво бинанд.
- Ба моддаи понздаҳум се тағйирот пешниҳод шудааст.
Якум. Қисми якуми модда дар таҳрири нав ифода шудааст. Дар он омадааст, ки «Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад». Бояд қайд намуд, ки матни пешниҳодшуда ба таври пурра эътирофи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи қабули Конститутсияи соли 1994 ва соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода кардааст.
Қобил ба зикр аст, ки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳрвандони ин давлат дар як вақт шаҳрвандони ҷумҳурии иттифоқӣ низ маҳсуб меёфтанд. Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ зарурати эътирофи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Азбаски масъала конститутсионӣ буда, бояд дар Конститутсия танзими худро пайдо мекард, ҳангоми таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 1994, Конститутсия ва баъдан Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995) эътироф намуданд, ки шахсе, ки дар рӯзи қабули Конститутсия дар Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мешавад. Агар дигар шахсон хоҳиши шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданро дошта бошанд, тибқи талаботҳои қонунгузорӣ дар бораи шаҳрвандӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба он соҳиб шаванд.
Дуюм. Дар қисми дуюми модда пешниҳод мегардад, ки пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад.
Дар ин қисми моддаи амалкунанда сухан дар бораи он меравад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт метавонад тибқи қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шавад. Пайвандаки «ва» дар ин ҷо талаб мекунад, ки танҳо дар асоси ин ду санад шаҳрванди Тоҷикистон метавонад шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб гардад. Аммо дар амалия ҳолатҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар асоси яке аз ин санадҳо (ё қонун ё шартномаи байнидавлатӣ) шаҳрванди Тоҷикистон метавонад шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шавад. Аз ин ҷо пешниҳод мегардад, ки пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё» иваз карда шавад.
Сеюм. Қисми сеюми модда дар таҳрири нав ифода шудааст. Дар он қайд мегардад, ки «Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд». Тағйироти пешниҳодшуда хусусияти ҳаволакунанда дошта, пешбинӣ менамояд, ки соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд. Пешниҳоди мазкур ин қисми моддаро пурра менамояд.
- Дар қисми дуюми моддаи шонздаҳум пешниҳод шудааст, ки калимаи «эълоншуда» ба калимаи «муқарраргардида» иваз карда шавад. Тағйироти пешниҳодшуда хусусияти мушаххаскунанда ва дақиқкунанда дошта, таъкид мекунад, ки шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд.
- Дар қисми якуми моддаи ҳаждаҳум пешбинӣ шудааст, ки калимаи «ҳаққи зиндагӣ» ба калимаи «ҳуқуқ ба ҳаёт» иваз карда шавад. Тағйироти зикргардида хусусияти дақиқкунанда дошта, мақсадро хубтар ифода мекунад.
- Дар қисми дуюми моддаи бистум пешниҳод шудааст, ки калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад. Бояд зикр кард, ки дар қонунгузории амалкунанда истилоҳи «ҷиноятӣ» истифода шудааст. Бинобар ин пешниҳоди мазкур хусусияти якхела истифода кардани ин истилоҳро дорад.
- Дар қисми чоруми моддаи бисту ҳафтум пешниҳод мешавад, ки калимаи «Шахсоне» ба калимаи «Шаҳрвандоне» иваз карда шавад. Дар ин моддаи Конститутсия сухан дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрванд, яъне иштироки ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ меравад. Ҳуқуқҳои сиёсӣ танҳо ба шаҳрванди давлат тааллуқ доранд. Шахсоне, ки шаҳрвандии ин давлатро надоранд, аз ин ҳуқуқ бархӯрдор намебошанд. Бинобар ин истифодаи истилоҳи «шаҳрванд» дуруст аст.
- Ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи бисту ҳаштум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст ва тибқи он «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад».
Тибқи таҳрири нави ин қисми модда аз матни пештараи он калимаҳои «аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистидошта» хориҷ гардиданд, зеро ин меъёр хусусияти конститутсионӣ надошта, дар ин ҷо зарурат ба таъкиди хусусияти ҳизб мавҷуд нест. Аз ин ҷо дар таҳрири нави ин қисми модда калимаҳои зикргардида аз он хориҷ карда шудаанд.
- Пешниҳод шудааст, ки дар қисми сеюми моддаи сиву дуюм баъди ибораи «ҳизбҳои сиёсӣ» аломати «,» гузошта шуда, ибораи «дигар шахсони ҳуқуқӣ» илова карда шавад. Ин ҷо сухан дар хусуси рӯёнидани товони зарар меравад, ки мумкин аст аз ҷониби мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳида расонида шавад. Зарурати илова кардани ибораи «дигар шахсони ҳуқуқӣ» дар матни ин қисми модда онро ифода менамояд, ки зарари моддӣ метавонад аз тарафи дигар шахсони ҳуқуқӣ низ расонида шавад. Аз ин ҷо илова шудани ибораи мазкур матни ин қисми моддаро пурра мегардонад.
- Қисми дуюми моддаи сиву чорум дар таҳрири зерин ифода шудааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Пешниҳоди зикргардида масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар тақвият медиҳад.
- Дар моддаи сиву ҳафтум пешниҳод шудааст, ки калимаи «пулӣ» ба калимаи «пардохтшаванда» иваз карда шавад. Ин тағйирот ба рухсатиҳои ҳарсолаи меҳнатӣ дахл дошта, калимаи «пардохтшаванда» назар ба калимаи «пулӣ» мазмунан мувофиқ мебошад. Дар қонунгузории соҳавии амалкунанда низ истилоҳи «пардохтшаванда» истифода шудааст.
- Дар қисми якуми моддаи сиву ҳаштум пешниҳод шудааст, ки калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад. Зарурати ин тағйирот ба он иртибот дорад, ки калимаи «сайёҳӣ» калимаи «туризм»-ро ифода мекунад ва мувофиқи мақсад аст, ки дар Конститутсия ин вожаи тоҷикӣ истифода шавад.
- Дар қисми якум ва сеюми моддаи чилум пешниҳод мегардад, ки мувофиқан калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» ва калимаи «дар» ба калимаи «таҳти» иваз карда шаванд. Иваз намудани калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» раванди иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа равонтару саҳеҳтар ифода намуда, истифодаи ин истилоҳ, яъне «ҷомеа» бештар роиҷ аст. Инчунин дар ин қисм сухан дар бораи ҳимояи моликияти зеҳнӣ меравад ва калимаи «таҳти» назар ба калимаи «дар» мазмунан мувофиқ мебошад. Дар қонунгузории соҳавии амалкунанда низ дар ин маврид калимаи «таҳти» истифода шудааст, яъне «моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст».
- Дар моддаи чилу панҷум пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «додани» ва «вазифаи ҳар кас мебошад» ба калимаҳои «супоридани» ва «ҳатмист» иваз карда шаванд. Ин тағйирот ба супоридани андозҳо ва пардохтҳо дахл дошта, ҳатмӣ будани супоридани онҳоро таъкид мекунад. Калимаҳои «супоридан» ва «ҳатмист» дар ин ҷо мазмунан мувофиқ буда, онҳо дар қонунгузории амалкунандаи соҳаи андоз низ истифода шудаанд.
- Ба моддаи чилу нуҳум чор тағйирот пешниҳод гардидааст.
Якум. Ҷумлаи сеюми қисми якум дар таҳрири зерин пешниҳод шудааст: «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Назар ба меъёри амалкунанда дар ин ҷо чунин меъёрҳои нав пешбинӣ шудаанд:
- Танҳо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Шахсе вакили Маҷлиси намояндагон шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, шаҳрвандии давлати дигарро надошта бошад (душаҳрвандӣ ва бисёршаҳрвандиро доро набошад). Ин талабот ба бисёр муҳим будани вазифаи узви парлумон ва амнияти давлат вобаста аст. Чунин талабот дар тағйиротҳои пешниҳодшуда, инчунин нисбат ба ишғоли дигар мансабҳои олии давлатӣ низ пешбинӣ шудааст (Президент, аъзои Ҳукумат ва судяҳо).
- Синну соли вакили Маҷлиси намояндагон набояд аз 30 кам бошад. Дар меъёри амалкунандаи Конститутсия синни 25 пешбинӣ шудааст, яъне синни вакил 5 сол боло бурда шудааст. Албатта, ин тағйирот тасодуфӣ нест. Вазифаи вакили Маҷлиси намояндагон бисёр муҳим буда, масъулияти баландро талаб мекунад. Ин талаботҳо тақозо менамоянд, ки шаҳрванд дорои таҷрибаи бештари зиндагӣ, малакаи корию касбӣ ва фаъолияти сиёсӣ бошад. Дар асоси ин омилҳо синни вакилӣ 5 сол зиёд карда шудааст. Вобаста ба ин хусусиятҳо ҳангоми интихоб ва таъин гардидан ба дигар вазифаҳои муҳимми давлатӣ низ чунин синну сол (30) ба инобат гирифта мешавад.
Дуюм. Қисми панҷуми модда дар таҳрири зерин ифода шудааст: «Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Ин пешниҳод аз талаботҳое бармеояд, ки дар қисми якуми ҳамин модда нисбати вакилони Маҷлиси намояндагон низ пешбинӣ шудаанд, яъне дорои танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва синни на кам аз 30 доштан.
Сеюм. Ба модда қисми нави ҳафтум дар таҳрири зерин илова карда шудааст: «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд». Ин тағйирот ба муҳим ва масъулиятнок будани вазифаи узви парлумон, инчунин ҳамчун намояндаи халқ дар назди халқ масъул будани онҳоро таъкид мекунад. Чунин меъёр дар бисёр конститутсияҳои давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар давлатҳо (Қазоқистон, Қирғизистон, Юнон, Чехия, Словакия, Полша, Литва ва дигарҳо) пешбинӣ шудааст.
Чорум. Қисми ҳафтум қисми ҳаштум ҳисобида шудааст ва аз нигоҳи услубӣ таҳрир гардида, меъёрҳое, ки бояд дар қонуни конститутсионӣ дарҷ карда шаванд (шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳо) пешбинӣ шудаанд. Дигар масъалаҳо, аз ҷумла тартиби интихоб нашудан ва мувофиқ набудани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар меъёри амалкунандаи Конститутсия дарҷ гардидаанд, ибораи «тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳо» дар бар мегирад ва онҳо дар оянда дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт карда мешаванд.
- Дар қисми сеюми моддаи панҷоҳу якум калимаи «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар,» илова карда шудааст. Пешниҳодҳои номбурда ба тағйироти қисмҳои якум ва дуюми моддаи чилу нуҳум вобастагӣ дорад, яъне узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Дар сурати соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ваколати онҳо тибқи ин тағйирот қатъ мегардад. Инчунин ибораи «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд» бо дарназардошти дар матни Конститутсия якхела истифода бурдани ин меъёр таҳрир карда шудааст.
- Дар банди якуми қисми якуми моддаи панҷоҳу шашум пешниҳод мегардад, ки калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд. Ҳамон тавре дар шарҳи тағйиротҳо ба моддаи ҳафтуми Конститутсия зикр гардид, маънои «ҳудуд» назар ба «марз» васеътар буда, тамоми ҳудуди давлат (хушкӣ, обӣ, ҳавоӣ)-ро дар бар мегирад. «Марз» бошад, бештар сарҳад, хатти сарҳадро ифода мекунад. Бинобар ин дар матни Конститутсия ба ҷойи калимаи «марз» калимаи «ҳудуд» истифода мешавад.
- Дар моддаи шасту якум ду тағйирот пешниҳод шудааст.
Якум. Дар қисми дуюм калимаҳои «аз се ду» ба калимаҳои «аз чор се» иваз карда шудаанд. Дар ин ҷо сухан дар бораи такроран қабули қонуни конститутсионӣ меравад, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон пештар бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуда буд ва Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ накардааст. Барои бартараф кардани манъи (ветои) Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешавад, ки ин амал бо тарафдории аз чор се ҳиссаи вакилони Маҷлиси намояндагон сурат гирад, зеро Маҷлиси намояндагон қонуни конститутсиониро пештар бо тарафдории аз се ду ҳиссаи вакилон қабул карда буд. Такроран бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намудани қонуни конститутсионие, ки пештар бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳои вакилон қабул гардида буд, мантиқан дуруст нест. Аз ин рӯ меъёри мазкур (аз чор се) пешниҳод шудааст.
Дуюм. Қисми сеюм дар таҳрири нав ифода шудааст. Тибқи он «Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд». Бояд зикр намуд, ки ин тағйирот қисми сеюми моддаро пурра ва дақиқу аниқ кардааст, яъне тафсири меъёрҳои Конститутсияро Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул ва ҷонибдорӣ менамоянд. Тартиби қабули қонуни конститутсионӣ бошад, дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда зикр гардидааст.
- Дар қисми дуюми моддаи шасту чорум пешниҳод мешавад, ки калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад. Бояд қайд кард, ки тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи Вена аз 23-юми майи соли 1969 «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ» созишномаҳои байни давлатҳо бо номи «шартномаҳо» қабул шудаанд. Аз ин рӯ, дар матни Конститутсия вожаи «қарордодҳо» ба калимаи «шартномаҳо» иваз карда шудааст.
- Ба моддаи шасту панҷум ду тағйирот пешниҳод гардидааст.
Якум. Қисми дуюми модда дар таҳрири нав ифода шуда, тибқи он «Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад». Ба ин қисми модда ду тағйироти нав илова шудааст.
- Шахсе, ки ҳамчун номзад ба мансаби Президент пешбарӣ мешавад, бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад (шаҳрвандии дигар давлатро надошта бошад). Ҳамон тавре дар шарҳи моддаҳои дахлдор қайд гардид, барои интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои муҳимми давлатӣ танҳо доштани шаҳрвандии Тоҷикистон зарур мебошад. Ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шахси (номзади) пешбаришаванда бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Ин талабот аз муҳим будани мансаби Президент барои ҷомеа ва давлат, инчунин ба амнияти давлат вобаста аст.
- Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки шахсе, ки ҳамчун номзад ба мансаби Президент пешбарӣ мешавад, бояд синнаш аз 30 кам набошад. Тавре дар шарҳи моддаҳои дахлдор қайд гардид, синну соли шаҳрвандоне, ки ба вазифаҳои муҳим ва масъули давлатӣ пешниҳод мешаванд, дар Конститутсия якхела, яъне синни 30 пешбинӣ мешавад (узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе). Аз ин сабаб синну соли номзад ба Президент низ аз 35 ба 30 поён фароварда шудааст.
Дуюм. Ба моддаи мазкур қисми панҷум илова шудааст, ки тибқи он маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида, яъне меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Бояд қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллатро муқаррар карда, ӯро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги бою ғании миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик, кафили пойдориву бардавомии давлати мустақили Тоҷикистон эътироф кардааст.
Чунин эътирофу эҳтиром ва қадрдонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат онро ифода мекунад, ки ӯ шахсияти умумиэътирофшудаи таърихии миллат, ифодагари ормону орзуҳои насли гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, барои Ватан ва Миллат хизматҳои беназир ва таърихӣ кардааст. Бинобар ин, шахсияти таърихӣ бояд имконияти идомаи корҳои оғознамудаи тақдирсози худро дар оянда низ дошта бошад ва миллату ватанро ба қуллаҳои мурод расонад.
Ин тағйирот ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат чунин ҳуқуқро медиҳад. Истифода бурдан ё набурдан аз он танҳо ҳуқуқи ин шахсият мебошад. Чунин таҷриба дар баъзе давлатҳои дигар, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ мавҷуд аст.
Дар ин қисми модда ҳамчунон пешниҳод шудааст, ки вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
- Дар моддаи шасту нуҳум панҷ тағйирот пешниҳод мегардад.
Якум. Дар банди ҳафтум калимаҳои «ба тасдиқи» ба калимаҳои «барои тасдиқ ба» иваз карда мешаванд. Тағйироти мазкур ҷиҳати ифодаи дурусти ин масъала мувофиқи қоидаи имлои забони тоҷикӣ пешниҳод шудааст.
Дуюм. Пешниҳод мешавад, ки банди дувоздаҳуми модда хориҷ карда шавад. Дар банди 12-уми модда сухан дар хусуси аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Шӯрои адлия меравад. Тибқи тағйироти пешниҳодшуда Шӯрои адлия барҳам дода шуда, масъалаҳои ба салоҳияти ин сохтор дахлдошта дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳаллу фасл карда мешаванд.
Сеюм. Дар банди сенздаҳум калимаҳои «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» хориҷ карда шудааст. Дар ин ҷо сухан дар бораи ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод кардани судяҳо меравад. Бинобар сабаби он ки банди 12-и моддаи мазкур хориҷ мегардад, яъне Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам мехӯрад, тартиби пешниҳоди номзад ба вазифаи судягӣ ва озод намудани судяҳо аз вазифаашон дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад.
Чорум. Пешниҳод мешавад, ки дар банди ҳаждаҳум калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад. Тавре дар тафсири моддаи 64-ум зикр гардид, мақсади ин тағйирот якхела намудани истилоҳот бо Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ» мебошад.
Панҷум. Бинобар сабаби хориҷ гардидани банди 12-уми модда пешниҳод шудааст, ки бандҳои 13-30 мувофиқан бандҳои 12-29 ҳисобида шаванд.
- Ба моддаи ҳафтоду якум қисми нав—панҷум дар таҳрири зерин илова карда мешавад: «Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд». Мақсади асосии тағйироти номбурда ба ҳам якхела кардани шакли танзими ҳуқуқии мақомоти ифодакунандаи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад. Вазъи ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои фаъолияти узви парлумон ва судяҳо тибқи Конститутсия (моддаҳои 51 ва 84) дар шакли қонуни конститутсионӣ муайян шудааст. Бинобар ин дар тағйироти моддаи ҳафтоду якум танзими масъалаҳои таъминот, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар шакли қонуни конститутсионӣ пешбинӣ шудааст.
- Дар моддаи ҳафтоду сеюм ду тағйирот пешниҳод шудааст.
Якум. Қисми сеюми модда дар таҳрири нав пешниҳод мегардад. Тибқи он «Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд». Бояд қайд намуд, ки чунин меъёр дар як қатор конститутсияҳои дигар давлатҳо низ пешбинӣ шудааст. Ба монанди, Австрия, Албания, Булғористон, Венгрия, Қазоқистон, Литва, Полша, Руминия, Чехия ва ғайра. Меъёри пешниҳодшуда ба муҳиммияти мансаби аъзои Ҳукумат вобаста буда, масъулияти онҳоро зиёд мекунад. Аъзои Ҳукуматро водор месозад, ки барои рушди ҷомеа, давлату миллат бештару хубтар фаъолият намоянд.
Дуюм. Дар қисми чоруми модда пешниҳод шудааст, ки аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Ҳамон тавре ки дар боло зикр гардид, ин амал ба муҳиммияти вазифаҳои давлатӣ, аз ҷумла аъзои Ҳукумат ва амнияти давлат вобаста аст.
- Дар қисми якуми моддаи ҳафтоду чорум пешниҳод шудааст, ки калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад. Тавре дар бандҳои дахлдор зикр гардид, калимаи «ҳудуд» назар ба «қаламрав» васеъ буда, ҳудудҳои хушкӣ, обӣ ва ҳавоиро дар бар мегирад ва истифодаи ин истилоҳ дар ин ҷо ба мақсад мувофиқ аст.
- Дар номи боби шашум пешниҳод мешавад, ки ибораи «Ҳокимияти маҳаллӣ» ба ибораи «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ» иваз карда шавад. Ин пешниҳод хусусияти мушаххаскунанда дорад. Он бевосита ба номи пурраи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ишора мекунад. Чунин ибора дар тағйирот ба моддаи 14-и Конститутсия низ пешбинӣ шудааст.
- Дар моддаи ҳафтоду шашум низ пешбинӣ шудааст, ки ибораи «Ҳокимияти маҳаллӣ» ба ибораи «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шавад. Тавре дар боло зикр гардид ин тағйирот хусусияти мушаххаскунанда ва дақиқкунанда дорад.
- Ба моддаи ҳафтоду ҳаштум чор тағйирот пешниҳод шудааст.
Якум. Қисми якуми модда дар таҳрири нав пешниҳод мешавад, ки тибқи он «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд». Ин пешниҳод ду тағйиротро дар бар мегирад.
- Ибораи «Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал» ба «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз гардидааст ва ҳамон тавре дар боло зикр гардид, ин тағйирот хусусияти мушаххаскунанда дорад.
- Меъёри намояндаи Президент будани раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия аз Конститутсия хориҷ карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки мансаби раиси вилоят, шаҳр, ноҳия мансабҳои алоҳида мебошанд ва тибқи қонун салоҳияту ваколатҳои мушаххаси худро доранд. Ҳамчун мансаби алоҳида ин шахсон аз ҷониби Президент таъин ва озод карда мешаванд, дар назди Президент ва мақомоти болоии худ, маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошанд. Чунин хусусияти ин мансабҳо тақозо менамояд, ки нисбати онҳо меъёри намояндаи Президент истифода бурда нашавад.
Дуюм. Дар қисми дуюм пешниҳод шудааст, ки калимаи «марзӣ» ба «ҳудудӣ» иваз карда шавад. Зарурати ин тағйирот дар бандҳои дахлдори дар боло ишорашуда зикр гардидааст.
Сеюм. Дар қисми панҷум пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд. Тавре дар тағйиротҳои дахлдор зикр гардид, ин пешниҳод хусусияти мушаххаскунанда ва дақиқкунанда дошта, номи мақомотро пурра ифода мекунад.
Чорум. Дар қисми шашум пешниҳод мешавад, ки калимаи «ҷамоат» бо ҳарфи калон навишта шавад, чунки номи мақомот мебошад.
- Дар қисми якуми моддаи ҳафтоду нуҳум пешниҳод мегардад, ки калимаи «қаламрав» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда шавад. Оид ба ин тағйирот дар бандҳои дахлдори дар боло зикргардида қайд карда шудааст.
- Ба моддаи ҳаштоду чорум ду тағйирот пешниҳод шудааст.
Якум. Дар қисми сеюми модда пешниҳод шудааст, ки ибораи «Тарзи ташкил» ба ифодаи «Тартиби таъсис, ташкил» иваз карда шавад. Қобили таъкид аст, ки «Тартиби таъсис, ташкил» мақсадро хубтар ифода карда, дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ тартиби таъсиси онҳо пешбинӣ шудааст.
Дуюм. Дар қисми панҷуми модда низ калимаи «Ташкили» ба калимаи «Таъсиси» иваз карда шудааст, ки он мақсадро хубтару беҳтар ифода мекунад.
- Моддаи ҳаштоду панҷум дар таҳрири нав ифода шудааст. Дар ин модда сухан дар хусуси талаботҳо нисбат ба шахсе меравад, ки ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъин мешавад.
Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад. Дар ин қисм доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри нав мебошад. Ба мисли дигар вазифаҳои муҳимми давлатӣ (аъзои парлумон, Президент, аъзои Ҳукумат) судя низ бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, зеро судя ифодакунандаи шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, аз номи давлат фаъолият мекунад.
Дар қисми дуюми модда талаботҳо нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба вазифаи судягӣ ба судҳои шаҳр ва ноҳия, судҳои ҳарбӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таъин мешаванд, пешбинӣ шудааст. Дар қатори таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро доро будан, инчунин танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштан пешбинӣ мегардад. Ҳамон тавре дар боло зикр гардид, ин шахсон бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд.
Дар қисми сеюми модда пешбинӣ мешавад, ки «синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд». Ин тағйирот хусусияти ҳаволакунанда дошта, таъкид мекунад, ки синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд. Минбаъд синну соли ба нафақа баромадани судяҳо дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда мешавад.
Дар қисми чоруми модда пешбинӣ мегардад: «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад». Дар ин ҷо Конститутсия пешбинӣ кардааст, ки дар баробари вакили парлумон ва аъзои Ҳукумат судя низ бояд дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд кунад. Ин тағйирот муҳим будани вазифаи судягӣ ва масъулиятнок будани онро таъкид мекунад.
- Дар моддаи ҳаштоду шашум ибораи «бо пешниҳоди Шӯрои адлия» ба ибораи «бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ» иваз карда шудааст. Ин тағйирот ба он вобаста аст, ки бинобар сабаби барҳам хӯрдани Шӯрои адлия тартиби ба вазифа таъин ва озод намудани судяҳо дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад.
- Ба моддаи ҳаштоду нуҳум се тағйирот пешниҳод мешавад.
Якум. Қисми дуюм дар таҳрири нав ифода шудааст. Тибқи он «ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд». Дар ин қисми модда се тағйироти нав пешниҳод шудааст.
- Доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамон тавре дар шарҳи моддаҳои дахлдор зикр гардид, барои вазифаҳои муҳимми давлатӣ (Президент, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат, судяҳо) доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Нисбат ба судяи Суди конститутсионӣ низ ин талабот пешбинӣ мегардад.
- Барои интихоб шудан ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ собиқаи кории касбии ҳадди ақал 7 сол муқаррар карда шудааст, ки ин меъёр ба синни интихоб шудан ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ (30) мувофиқ мебошад.
- Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намудан, яъне синни ба нафақа баромадани судяҳои Суди конститутсионӣ дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда мешавад.
Дуюм. Ба модда қисми сеюм дар таҳрири зерин илова карда шудааст: «Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад». Бояд қайд намуд, ки ин меъёр то ҳол дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конситутсионӣ» муқаррар шуда буд. Айни замон, ки дар Конститутсия савганди вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо пешбинӣ мешавад, савганди судяи Суди конститутсионӣ низ дар сатҳи Конститутсия муқаррар мегардад.
Сеюм. Қисми сеюми модда қисми чорум ҳисобида шуда, дар банди якуми он баъди калимаи «санадҳои» калимаи «меъёрии» илова карда шуда, калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда мешавад. Калимаи «меъёрӣ» мушаххас нишон медиҳад, ки Суди конститутсионӣ на ҳамаи санадҳои ҳуқуқӣ, балки танҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Тавре дар боло қайд гардид, дар асоси Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади якхела намудани истилоҳот калимаи «қарордодҳо» ба калимаи «шартномаҳо» иваз карда шудааст.
- Дар моддаи 91 калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда мешавад. Тавре ки дар тағйироти моддаи 20 қайд гардид, ин пешниҳод хусусияти якхела истифода кардани ин истилоҳро дорад.
- Дар моддаи наваду сеюм пешниҳод мегардад, ки калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад. Чунин тағйирот дар моддаи ҳафтоду чоруми Конститутсия низ пешниҳод шудааст, ки он мақсадро возеҳтару аниқтар ифода мекунад. Калимаи «ҳудуд» назар ба «қаламрав» васеътар буда, ҳудуди хушкӣ, обӣ ва ҳавоиро ифода мекунад.
- Пешниҳод шудааст, ки дар тамоми матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад. Бояд зикр намуд, ки дар худи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда маъмулан калимаи «ҳуқуқ» бештар истифода мешавад. Аз дигар тараф, калимаи «ҳуқуқ» маъмул ва роиҷ гаштааст. Аз ин рӯ, пешниҳод шудааст, ки калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
- Дар банди чоруми Муқаррароти интиқолӣ таъкид шудааст, ки аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд. Шахсоне, ки ҳоло ин вазифаҳоро ишғол кардаанд ва шахсе, ки минбаъд онро ишғол мекунад, бо тартибе, ки Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ муқаррар мекунанд, савганд ёд мекунанд. Баъзе аз ҷузъиёти савгандёдкунӣ ва матни худи савганд дар қонунҳои конститутсионӣ, ки фаъолияти ин мақомотро танзим мекунанд, муқаррар карда мешаванд.