Шаш рӯзи Наврӯз мусиқӣ хомӯш намешуд ва ромишгарон бозори гарм доштанд

Февраль 26, 2016 07:37

Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар  «Таърихи табарӣ» оварда шудааст, ки: «Ва чун бозори охири сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту як рӯз Наврӯз кунанд ва онро наврӯзи кишоварзон гӯянд».

Ориёиҳо ва яздониёни пешин бар ин бовар буданд, ки кайҳон дар ҳамин рӯз офарида шуд. Берунӣ менависад: «…Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯзи нахустин он аст, ки аввалин рӯзест аз замона ва бад-у фалак гаштан оғозид».

Бино ба гуфтаи корманди калони илмии шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи фанҳои ҶТ Мумина Шовалиева,  маросими  Наврӯз  ва бузургдошти он дар замони ҳукмронии Куруши Кабир чунин буд, ки Куруши Кабир дар тахт такя зада, ҳадяҳои наврӯзии намояндагони узви императориро мепазируфт.

«Ин ҳадяҳо бештар аз меваю ширинӣ иборат буданд. Шояд пайгирии он суннати дерин бошад, ки имрӯз ҳам дар Наврӯз  меваю ширинӣ зинатбахши дастархон аст.  Куруш дар рӯзҳои Наврӯз фармони умумӣ содир мекарду, хироҷи сарзаминро бо унвони ҳадя ба мардумаш мебахшид. Дар шаш рӯзи ҷашни Наврӯз мусиқӣ хомӯш намешуду ромишгарон бозори гарм доштанд»,- мегӯяд М.Шовалиева.

Мардумшиноси академия мегӯяд, ки яке аз рукнҳои наврӯзӣ дар замони ҳозира ин «гулгардонӣ» ё ки «бойчечакгардонӣ» мебошад.

«Ин анъанаро якчанд рӯз пеш аз Наврӯз мегузаронданд. Барои ин дар чӯб гули сияҳгӯшро баста, кӯдакон хона ба хона мегаштанд ва сурудҳои наврӯзӣ мехонданд.  Соҳиби хона бо аҳли оилааш ба назди кӯдакон баромада, гули сияҳгӯшро дар чашм молида, мегуфтанд:

«Шукр ки аз нав рӯи туро мебинам.

Сад шукр, ки боз ба соли нав расидам.

Эй, пеши ҳамаи гулҳо, вазниниҳои манро гиру сабукиҳоятро деҳ».

Баъд соҳибони хона ба иштирокдорони ин гулгаштак туҳфаҳо медоданд. То имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ин анъана маҳфуз мондааст»,- илова намуд Мумина Шовалиева.

Аз замонҳои пешин дар Наврӯз сурудҳои махсуси бахшида ба баҳор ва Наврӯзро мехонданд.  Дар замони Сосониён инҳо сурудҳои «Баде Наврӯз», «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Кайқубод», «Наврӯзи Моздак», «Сози Наврӯз», «Овозҳои баҳорӣ» ва ғайра буданд.

М.Шовалиева афзуд, ки дар рӯзҳои Наврӯз мардум ҳама ба сайру гашт  мебаромаданд.   Мардум аз маҳаллаҳои зисташон дуртар ба сайр  мерафтанд. Яъне дар рӯзҳои наврӯзӣ мардум ба табиат наздик мешуд.

«Дар ин рӯзҳо мардум  сайру гашт, рақсу бозӣ ва сурудхонӣ ташкил  мекарданд. Соҳибони ҳар як хона дар болои бом гулхан меафрӯхтанд, «аловпарак» ва рақсу бозӣ мекарданд. Бино ба гуфтаи пирон, ҳангоми гирди оташ гаштан қувваҳои торикӣ ва сиёҳӣ аз бадани инсон дур мешуд. Ҷавонон  ҳангоми аз болои оташ паридан мегуфтанд: «Зардии рӯямро бигиру сурхии худатро бидеҳ».   То ҳол ин анъана боқӣ мондааст. Дар рӯзи тӯи арӯсӣ домоду арӯс гирди гулхан 3 маротиба мегарданд»,- гуфт М.Шовалиева.

Дар ин рӯзҳо духтарон саҳар ба сар гулчанбар карда, ба назди дарё мерафтанду обпошӣ ё обшаппак мекарданд. Бино ба гуфтаи мардум об «сафедӣ» ва «рӯшноӣ» аст ва дар он ҷо сурудхонӣ мекарданд.

«Тавре ки мебинед, ҳангоми ҷашни Наврӯз се чиз муҳим ва муқаддас буд. Ин оташ, об ва ҳамаи ашёҳои сафед. Оташ -ин қувваи бузург барои ба мақсад расидани ҳар як инсон. Обу «оброшӣ» — ин рамзи  равшанӣ, зеро бе об кишту кор ва ҳосил намешавад. Ашёи сафед ё либосҳои сафед  рамзи бахти сафед, тозагию покӣ мебошанд»,-маънидод кард мардумшиноси тоҷик.

Боиси ифтихор аст, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар 64-умин иҷлосияи худ  доир ба  «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон намудани  21  уми  март Қатънома қабул кард. Ҳоло ин ҷашни зебои баҳор-Наврӯзро, ки эҳёи табиат аст, наздики 20 кишвари ҷаҳон сарфи назар аз нажод ва дину дину мазҳаб таҷлил менамоянд.

Лайло Тоҳирӣ

 

Февраль 26, 2016 07:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд