Ширкати паҳлавонони тоҷик дар Гран прии ҷудо дар Олмон
Душанбе, 18.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран прии дзюдо, ки рӯзҳои 19-20 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Ин севумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор меравад.
Тавре ки аз КМО Тоҷикистон хабар доданд, Тоҷикистонро чаҳор гӯштингири маъруфи кишвар намояндагӣ мекунанд. Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило рӯзи 20-уми феврал вориди рақобат мешавад. Се нафари дигар — Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило рӯзи якшанбеи 21 феврал рақобат хоҳанд кард.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкати 572 варзишгар (363 мард ва 219 зан) аз 89 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа варзишгарони ҳамаи 15 кишвари собиқи шӯравӣ иштирок мекунанд. Ба ҷуз Тоҷикистон, дзюдочиёни Арманистон (2 марду 1 зан), Беларус (4+1), Гурҷистон (11мард), Қазоқистон (11+4), Қирғизистон (5 мард), Латвия (5 мард), Литва (5+2), Молдова (1+1), Озарбойҷон (12+1), Русия (7+7), Туркманистон (3 зан), Узбакистон (8 мард), Украина (5+3) ва Эстония (2 мард) дар Олмон ҷамъ меоянд.
Дар мусобиқа варзишгарон, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст меоранд.








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






