Сохтмони синфхонаҳои нав дар Хатлон

Февраль 15, 2016 10:01

Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ барои 125 ҷойи нишаст дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Восеъ дар ҳоли анҷомёбӣ буда, интизор меравад, ки дар арафаи таҷлили Иди Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.
Синфхонаҳо аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сохта мешаванд. Инчунин бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар назди таълимгоҳи мазкур сохтмони толори варзишӣ идома дорад.
Дар ноҳияи Темурмалик сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳраки Совет барои 192 ҷойи нишаст ва сохтмони бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Кангурт идома дорад. Сохтмони он аз ҷониби Фонди ҷаҳонии таҳсилот маблағгузорӣ мешавад.

Февраль 15, 2016 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»