Суғд: Ба истироҳат фаро гирифтани 200 донишҷӯи фаъол

Февраль 3, 2016 08:22

Душанбе, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои 200 ҷавони фаъолу беҳтарини донишгоҳҳои олии вилояти Суғд дар Маркази солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» лагери маърифативу солимгардони ташкил шуд.
Раёсатҳои кор бо занон ва оила, варзиш ва сайёҳии вилоят барои ташкили истироҳати 200 донишҷӯи беҳтарин чорабиниҳои маърифатию ахлоқӣ ва тарбиявиро гузарониданд. Аз ҷумла, лаҳзаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, намоиши филмҳои мустанад, гузаронидани ҳар гуна бозиҳои варзишӣ ва зеҳнӣ, суҳбат бо занони барӯманду собиқадор ва маҳфилҳои кадбонуӣ гузаронида шуданд.
Аз рӯи барнома Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят байни 100 донишҷӯдухтар суҳбату маҳфилҳои адабӣ бо иштироки шоираҳо, занони собиқадору фаъол ва рӯзгордида дар мавзӯъҳои «Нақш ва мақоми зан дар ҷомеа», «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар», «Оилаи солим-ҷомеаи солим» ва «Никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он» баргузор намуд.
Ҳамчунин байни ҷавондухтарон озмуни «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шуд, ки донишҷӯдухтарон тарзи омода намудани хӯроки миллӣ ва тайёр кардани ҳар гуна шириниҳову хӯришҳоро нишон доданд.

Февраль 3, 2016 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»