Таъмини робитаи боэътимоди нақлиётӣ омили муҳими рушди кишвар мебошад
Душанбе, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе — Турсунзода, Айнӣ -Панҷакент ва сохтмони пул аз болои дарёи Ванҷоб дар километри 456 — уми роҳи мошингарди байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Мурғоб — ағбаи Қулма- сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аҳамияти муҳиму стратегии нақлиётӣ доранд, соли ҳисоботӣ амалӣ гардиданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода иттилоъ дод.
Таъмини робитаи боэътимоди нақлиётӣ омили муҳими рушди кишвар дар марҳилаи ҷаҳонишавии босуръати иқтисодиёт маҳсуб шуда, он ба истифодаи самаранок ва риояи мақсадноки талаботи Конвенсия ва созишномаҳои байналмилалию минтақавӣ поягузор мебошад.
«Барои тахкимбахшии робитаҳои байналмилалӣ 72 маротиба вохӯрии роҳбарият ва коршиносони вазорат бо намояндагии ширкату созмонҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ ва 4 чорабинии минтақавию байналмилалӣ доир ба мавзӯъҳои мухталифи вобаста ба рушди соҳа баргузор гардид. Дар натиҷаи музокироти судманд 5 санади муҳими байналмилалӣ ба имзо расиданд»,-илова намуд вазири нақлиёт.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






