Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар Чкалов
Чкалов, 01.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 30-юми январ дар назди қасри фарҳанги шаҳри Чкалов бо иштироки зиёда аз 100 сокини касбу кори гуногун, наврасон ва ҷавонон бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр маҷмӯи машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид.
Ин тадбир бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба варзиш ва ба ин васила тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар қаламрави вилояти Суғд эълон гардидани «Соли 2016-соли фарди солим» роҳандозӣ гардид.
Тибқи иттилои мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов баргузории машғулиятҳои варзишӣ ҳар ҳафта субҳи рӯзи шанбе дар шаҳр ба нақша гирифта шудааст.