«Ташвиш ва лутфи латифи донишноманигорӣ»- китоби нав
Ҳисор, 3.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Китоби нави узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳакималӣ Назаралиев бо номи «Ташвиш ва лутфи латифи донишноманигорӣ» бо теъдоди 400 нусха аз тариқи нашриёти «Ирфон» интишор ёфт.
Муаллиф ҳангоми таҳия ва таҳрири «Донишномаи Ҳисор» муҳит, шароит, тарзи кор ва баъзе лаҳзаву лавҳаву саҳнаҳои фаъолияти кории худ ва ҳамкоронро дар шакли ҳикояҳои хурд ҳамчун ёддошт рӯйи коғаз овардааст. Зевари бархе аз нигоштаҳо лутфи латиф ва зарофату мутоиба мебошанд, ки хонандаи адофаҳмро мамнуну хушҳол хоҳанд кард.