ВКД: Ду савдогар на барои риш, балки бо гумони шомил гардидан ба ҳаракатҳои террористӣ дастгир шудаанд
Душанбе, 23.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба хабари сомонаҳои интернетӣ оид ба он, ки гӯё дар бозори «Корвон» ду савдогарро кормандони милитсия барои риш доштан боздошт намуда, ба ВКД бурдаанд, иттилоъ медиҳад, ки ин нафарон аъзои ташкилоти террористию экстремистӣ буда, мақсадашон ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Хабари мазкур бидуни таҳлилу муайян кардани сабаби боздошти ду нафар носанҷида ба табъ расонида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки мақомоти корҳои дохилӣ танҳо нисбат ба афроде, ки даст ба ҷиноят зада, бо амалу кирдори худ хатар ба ҷомеа эҷод мекунанд, сару кор мегирад.
Ин шаҳрвандон на барои риш мондан, балки бо гумони шомил гардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ дар бозори «Корвон» дастгир шудаанд.








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






