Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Февраль 19, 2016 16:22

Душанбе, 19.02.2016. (АМИТ «Ховар).-«Аз имтиёзҳои Ҳукумат босамар истифода баред!». Чунин талаб кард муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид 19 феврали соли 2016 зимни мулоқот бо соҳибкорони вилояти Хатлон дар шаҳри Қурғонтеппа. Мулоқотро раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатшо Гулмаҳмадзода кушод.
Сипас муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар назди ҳозирин зикр намуд, ки бо ибтикору дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ, таҳкими бахши хусусӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоиди тиҷорат, татбиқи самараноки барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ, рушди муколама ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самтҳои стратегӣ корҳо идома ёфта истодаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ 275 ҳаз 653 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 32 380 субъект ва ё 11,7 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин шумора 87 244 субъект ба вилояти Хатлон рост меояд, ки нисбат ба соли 2014, 9,6 фоиз зиёд аст.
Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба маблағи 11 млрд. 216 млн. сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки ин нишондиҳанда 12,3 фоиз нисбат ба соли 2014-ум зиёд мебошад.
Аз ин ҳисоб, ба вилояти Хатлон 1 миллиарду 529 миллиону 762 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо шудааст.
Ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 70 млн сомонӣ ҷудо гашта, ба 21 субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми 36,2 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд. Инчунин ҷудо намудани 120 млн. сомонӣ дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.
Аз лоиҳаҳои дастгиринамудаи Фонд аз оғози фаъолият, 51 лоиҳа ба маблағи 34 миллиону 658 ҳазор сомонӣ ба вилояти Хатлон рост меояд.
Дар даврони Истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.
Имрўзҳо дар вилояти Хатлон 26 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 250 млн. доллари ИМА азхуд карда шудааст.
Воридоти сармояги хориҷӣ ба вилояти Хатлон дар солҳои 2010- 2015, 429,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз онҳо 385,7 млн. долл. ИМА сармоягузориҳои мустақим ва 43,3 млн. долл. ИМА-ро қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилот ҷалбгардида ташкил медиҳанд.
Дар соли 2015, воридоти сармоягузории хориҷӣ 203,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,1 млн. доллари ИМА зиёд шудааст.
Солҳои 2008 — 2011 ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронида шуда, дар натиҷаи ислоҳот дар самти ба низом даровардани раванди гирифтани иҷозатҳо, шумораи онҳо аз 605 то 79 адад коҳиш дода шуданд.
Бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав як қатор имтиёзҳо ва ҳавасмандкуниҳо барои соҳибкорон муқаррар карда шудааст.
Аз ҷумла, дар баробари имтиёзҳои умумии андозӣ, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.
Корхонаҳои навтаъсисе, ки бо коркарди пурраи нахи пахта ва маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд, хоҷагиҳои паррандапарварӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи хўроки омехтаи парранда ва чорво тибқи маблағҳои ба фонди оинномавии онҳо воридгардида, ба муҳлати 12 сол аз пардохти андозҳои пешбинишуда озод мебошанд.
Ҳамзамон, тағйироти зарурӣ ба Кодекси андоз барои зиёд намудани маблағи ҳадди ақали гардиши молиявии корхонаҳои тибқи низоми содакардашудаи андоз фаъолияткунанда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 миллион сомонӣ зиёд карда шуда, табдил додани андоз аз фурўши нахи пахта ба боҷи содиротӣ дар назар аст.
Дар маҷмуъ, натиҷаҳои ислоҳот ва тадбирҳои андешида барои мунтазам зиёд шудани саҳми соҳибкорон дар иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, аз ҷумла дар соли 2015 ба бахши хусусӣ 78 фоизи пардохтҳои андозҳо ба буҷети давлатӣ, 67 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ рост омада, 63,8 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодиро бахши хусусӣ бо ҷои кор таъмин намуд.
Муовини якуми сарвазир ба суолҳои сершумори соҳибкорон ҷавобҳои муфассал, ҳамчунин барои ҳаллу рафъи қазияҳои ҷойдошта ба сохторҳои дахлдор супоришу дастурҳо дод.
Дар ҷамъомад ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Февраль 19, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд