Вохўрии Рустам Назарзода бо намояндагони Барномаи Рушди СММ

Февраль 17, 2016 10:53

Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Назарзода Рустам бо иҷрокунандаи раиси Барномаи Рушди СММ Гулям Исаксой вохўрд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии кумита Ориф Нозимов, зимни вохӯрӣ ёдовар гардид, ки БРСММ дар Тоҷикистон наздики 23 сол фаъолият дошта, тўли ин солҳо ба мардуми кишвар, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, кумак расонида аст.
Дар доираи барномаҳои ҳамкорӣ зикр шуд, ки дар масоили таъмини техникаҳои замонавии соҳа барои Маркази наҷотдиҳӣ ва омода сохтани Маркази таълимии замонавӣ бобати омўзиши ҳамаи табақаи аҳолӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд.
Дар интиҳо ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ изҳори назар карданд.

Февраль 17, 2016 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид