Восеъ: Семинари методӣ барои ба низоми маблағгузории сарикасӣ гузаштани муассисаҳои таълимии кишвар
Душанбе, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар толори фарҳангии муассисаи таҳсилоти умумии №1-и ноҳияи Восеъ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари методӣ барои директорони муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯи «Оид ба мақсаднок истифода бурдани маблағҳои сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» доир гардид.
Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Санавбар Хоҷаева ба директорони муассисаҳои таълимӣ оид ба роҳҳои ба нақшагирии маблағи сарикасӣ ва самаранок нақшабандии он, низоми маблағгузории сарикасӣ ва такмили молияи муассисаҳои таълимӣ маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.
Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, ки ба низоми маблағгузории сарикасӣ гузаштани муассисаҳои таълимии кишвар падидаи наву судманде маҳсуб мешавад, ки мухторияту соҳибихтиёрии маъмурияти мактабҳоро дар масъалаи молиявӣ пурра таъмин менамояд.