Вусъати ниҳолшинонӣ дар Роғун
Роғун, 15.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Кормандони ҷамоати деҳоти Қади оби шаҳри Роғун дар якҷоягӣ бо сокинони ҷамоат дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар километри 8-уми шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол, ки аз ҳудуди ҷамоати мазкур мегузарад, ба миқдори 8000 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинонданд.
Ҷамоати деҳоти Қади оби шаҳри Роғун соли 2015 нақшаи сабзазоркунӣ ва ободонии маҳаллаҳои тобеияти ҷамоатро барзиёд иҷро карда, беш аз 8 ҳазор бех дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳо шинониданд.