Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Февраль 15, 2016 17:06

Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»). -13 январи соли равон соати 01:30-и шаб ҳангоми гузаронидани чорабинии махсуси фаврӣ дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи фаврии қӯшунҳои сарҳадӣ ва РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар яке аз минтақаҳои дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ»-и сарҳади Тоҷикистону Афғонистон байни гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон, ки иборат аз 6-7 нафар буданд, дар вақти убури ғайриқонунии хати сарҳад задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад. Қочоқчиёни афғон ба муқовимати қатъӣ ва чусту чолоконаи сарҳадбонони тоҷик тоб оварда натавониста, аз тариқи қамишзор ба самти Афғонистон баргаштанд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 55 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 2 кг афюн ва зиёда аз 1 кг героин дарёфт ва мусодира шуд.
Оид ба ин ҳодиса аз тарафи мақомоти дахлдори КДАМ ҶТ тафтиш идома дорад.
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод.

Февраль 15, 2016 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд