«500 рўзи меҳнати зарбдор» амалӣ мегардад
Душанбе, 04.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Шаҳристон дар доираи «500 рўзи меҳнати зарбдор бахшида ба25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.
Чанде пеш бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ва раиси ноҳияи Шаҳристон Умар Ёқубзода дар деҳаи Ҳисори ноҳияи мазкур бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№12-и ба номи Фаррух Раҷабов мавриди истифода қарор гирифт.
Бино дорои 4 синфхона барои 100 хонандаи синфҳои ибтидоӣ ва 1 ҳуҷраи омўзгорон буда, синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.