61 хатмкунандаи муассисаи № 1-и шаҳри Роғун ба ММТ ҳуҷҷат супорид
Роғун, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар озмуни ҷумҳуриявии «Қоидаи ҳаракати роҳ аз нигоҳи кӯдак» хонандаи синфи панҷи Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 1- и шаҳри Роғун Шоира Шоева сазовори ҷойи якум гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ гардид.
Ба иттилои Сангалӣ Шоев, директори Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 1- и шаҳри Роғун 7 хонандаи синфҳои 11 дар олимпиадаи минтақавӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, 61 хатмкунандаи муассиса барои дохил шудан ба донишгоҳҳои олии кишвар ҳуҷҷат супорида, ба имтиҳонҳо омодагӣ дида истодаанд.