А.Маҳмадов: Наврӯзи мо мисли Ибни Синост, ки имрӯз ҳамагонӣ гаштааст
Душанбе, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Бо гузашти асрҳо ва сохтҳои мухталифи иҷтимоӣ Наврӯз бо ҳама расму оинҳояш чун ҷашни мардумӣ пойдор монд. Онро мардум дар ҳар давру замон новобаста аз сиёсати ҳоким, ҳамеша гиромӣ медоштанду ҷашн мегирифтанд. Наврӯз чун як марҳалаи бозтобию бозсозии табиату инсон аз замони офариниш буду ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Наврӯз ва мақому манзалати он чун ҷашни мондагори мардумӣ дар замони Истиқлолияти кишвари мо руҷуи тозае кард ва ҳукми ҷашни хуҷастаи миллиро ба худ гирифту таҷаллӣ намуд.
Директори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИҶТ Абдураҳмон Маҳмадов бар он ақида аст, ки шояд Наврӯз яке аз идҳои аввалини ҷаҳон бошад, ки дигар ҷашнҳо дар заминаи ин иди аҷдодӣ сарчашма гирифтаанд.
«Бузургии Наврӯз имрӯз дар тамоми кишварҳои муштаракулманофеъ чунон паҳн шудааст, ки ҳама онро аз худ меноманд. Наврӯзи мо мисли Ибни Сино аст, ки ҳама мехоҳанд онро аз худ кунанд. Шояд мо дар мавриди Ибни Сино истодагарӣ кунем, аммо Наврӯз идест, ки ба воситаи он тамоми анъанаҳои миллии тоҷикон дар ҷаҳон паҳн мегардад. Аз ҳамин сабаб бигзор Наврӯз иди ҳамагон бошад. Ин як дастовард, шиносномаи миллии тоҷикӣ аст ва тамоми анъанаҳои моро дар дунёи муосир муаррифӣ мекунад»,-афзуд директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ.
Бузурги ва шаҳомати ин ҷашни фархунда дар он аст, ки тамоми суннату анъанаҳои миллӣ ба Наврӯз, оғози соли нав, рӯзи нав вобастагӣ дорад. Бино ба гуфтаи профессор Абдураҳмон Маҳмадов, пухтани суманак яке аз анъанаҳои Наврӯзист.
«Илм собит кардааст, ки ҳамон гандуме, ки аз вай суманак мекунанд, ба инсон фоидаовар аст. Вайро ҷони одам мегӯянд, шираи гандум умри инсонро дароз мекунад. Суманак сирф хӯроки тоҷикӣ аст, аз ҳамин сарзамин пайдо шудааст. Гандумро бо чунин тарз танҳо тоҷикон омода мекунанд»,-ибрози андеша кард мусоҳиб.
Наврӯз аз омадани баҳор, саршавии кишту кор дарак медиҳад. Тоҷикон дар ин рӯз хонаи худро сафед мекунанд, ҳамаи касифиҳои соли гузаштаро берун мекунанд. Либоси нав мепӯшанд ва орзуи то соли оянда хушҳол зиндагӣ карданро мекунанд.
«Мардуми шаҳру деҳот рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи аҷамро бо тӯю тамошо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мегузаронанд.
Наврӯз ҷашнест, ки эҳтиёҷ ба муаррифӣ кардан надорад. Наврӯз ба дилу дидаи мардуми сайёра ҷо ёфт ва метавон гуфт, ки он муаррифгари тоҷикон аст»,-илова намуд профессори АИҶТ Абдураҳмон Маҳмадов.
Таҳияи Лайло Қосимова








Таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас» конференсия доир шуд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Екатеринбург вохӯрии масъулини Сафорати Тоҷикистон бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик доир гардид
Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
ОГОҲӢ! Дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон: «Насиба Кенжаева аз ноҳияи Хуросон соҳиби Шоҳҷоизаи иқдоми «МегаМиллион» гардид»
Ҷаласаи минтақавии Кумитаҳои миллии ҳамоҳангсози содагардонии расмиёти савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Дар ноҳияи Спитамен беш аз 2000 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист






