А.Маҳмадов: Наврӯзи мо мисли Ибни Синост, ки имрӯз ҳамагонӣ гаштааст
Душанбе, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Бо гузашти асрҳо ва сохтҳои мухталифи иҷтимоӣ Наврӯз бо ҳама расму оинҳояш чун ҷашни мардумӣ пойдор монд. Онро мардум дар ҳар давру замон новобаста аз сиёсати ҳоким, ҳамеша гиромӣ медоштанду ҷашн мегирифтанд. Наврӯз чун як марҳалаи бозтобию бозсозии табиату инсон аз замони офариниш буду ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Наврӯз ва мақому манзалати он чун ҷашни мондагори мардумӣ дар замони Истиқлолияти кишвари мо руҷуи тозае кард ва ҳукми ҷашни хуҷастаи миллиро ба худ гирифту таҷаллӣ намуд.
Директори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИҶТ Абдураҳмон Маҳмадов бар он ақида аст, ки шояд Наврӯз яке аз идҳои аввалини ҷаҳон бошад, ки дигар ҷашнҳо дар заминаи ин иди аҷдодӣ сарчашма гирифтаанд.
«Бузургии Наврӯз имрӯз дар тамоми кишварҳои муштаракулманофеъ чунон паҳн шудааст, ки ҳама онро аз худ меноманд. Наврӯзи мо мисли Ибни Сино аст, ки ҳама мехоҳанд онро аз худ кунанд. Шояд мо дар мавриди Ибни Сино истодагарӣ кунем, аммо Наврӯз идест, ки ба воситаи он тамоми анъанаҳои миллии тоҷикон дар ҷаҳон паҳн мегардад. Аз ҳамин сабаб бигзор Наврӯз иди ҳамагон бошад. Ин як дастовард, шиносномаи миллии тоҷикӣ аст ва тамоми анъанаҳои моро дар дунёи муосир муаррифӣ мекунад»,-афзуд директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ.
Бузурги ва шаҳомати ин ҷашни фархунда дар он аст, ки тамоми суннату анъанаҳои миллӣ ба Наврӯз, оғози соли нав, рӯзи нав вобастагӣ дорад. Бино ба гуфтаи профессор Абдураҳмон Маҳмадов, пухтани суманак яке аз анъанаҳои Наврӯзист.
«Илм собит кардааст, ки ҳамон гандуме, ки аз вай суманак мекунанд, ба инсон фоидаовар аст. Вайро ҷони одам мегӯянд, шираи гандум умри инсонро дароз мекунад. Суманак сирф хӯроки тоҷикӣ аст, аз ҳамин сарзамин пайдо шудааст. Гандумро бо чунин тарз танҳо тоҷикон омода мекунанд»,-ибрози андеша кард мусоҳиб.
Наврӯз аз омадани баҳор, саршавии кишту кор дарак медиҳад. Тоҷикон дар ин рӯз хонаи худро сафед мекунанд, ҳамаи касифиҳои соли гузаштаро берун мекунанд. Либоси нав мепӯшанд ва орзуи то соли оянда хушҳол зиндагӣ карданро мекунанд.
«Мардуми шаҳру деҳот рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи аҷамро бо тӯю тамошо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мегузаронанд.
Наврӯз ҷашнест, ки эҳтиёҷ ба муаррифӣ кардан надорад. Наврӯз ба дилу дидаи мардуми сайёра ҷо ёфт ва метавон гуфт, ки он муаррифгари тоҷикон аст»,-илова намуд профессори АИҶТ Абдураҳмон Маҳмадов.
Таҳияи Лайло Қосимова








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






