А. Раҳмонзода: «Фаъолияти агентиҳои иттилоотӣ бояд барои пешгирии ҷалби шаҳрвандони мо ба ташкилоти террористӣ равона гардад»

Март 15, 2016 16:53

Душанбе, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -«Фаъолияти агентиҳои иттилоотӣ бояд барои пешгирии ҷалби шаҳрвандони мо ба ташкилоти террористӣ равона гардад»,- иброз намуд Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни ифтитоҳи ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид.
А. Раҳмонзода ҳамчунин гуфт, ки «ҳодисаҳои охири баамаломада дар ҷаҳон, хусусан дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ нишон доданд, ки терроризм ва экстремизм ба таҳдиди хатарнок барои инсоният табдил ёфтаанд. Мубориза бо ин падида аз мо фазои бовар ва эҳтиром дар мубориза бо ин хатарҳои барои кишварҳои мо муштаракро талаб менамояд».
Дар кори ҷаласа раиси Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, директори генералии ТАСС Сергей Михайлов, муовини аввали директори генералии ТАСС Михаил Гусман, директори «Агентии иттилоотии «Арменпресс» Арам Ананян, директори генералии Агентии телеграфии Беларус (БелТА) Дмитрий Жук, директори генералии Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» Даурен Дияров, директори генералии Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» Кубаничбек Таабалдиев, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Заробиддин Қосимӣ ва сардори шуъбаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сарчашмаҳои иттилоотии Агентии давлатии телеграфии Озарбойҷон (АЗЕРТАҶ) Элшан Шахбалаев иштирок карданд.
Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти агентиҳои иттилоотиро дар соли 2015 натиҷагирӣ карда, нақшаи корӣ барои соли равонро муҳокима караданд. Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории хадамоти аккосӣ ва омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Иттиҳод, ки моҳи декабр таҷлил мегардад, баррасӣ гардид. Роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак низ табодули афкор намуданд.
Дар ниҳоят байни роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Созишнома дар бораи ҳамкории хадамоти аккосӣ ба имзо расид.

Март 15, 2016 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд